МУҲОКИМАИ ПРОБЛЕМАҲОИ ИҚТИСОДИИ МИНТАҚАИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ
Душанбе, 2 июн. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина).- 3 июн дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати намояндагони корпуси дипломатии ҷумҳуриҳои Қазоқистону Қирғизистон, Ўзбекистону Русия ва Тоҷикистон, инчунин намояндагони мактабҳои олӣ, пажӯҳишгоҳи иқтисодиёти Академияи илмҳои мамлкат баргузор мегардад. Дар он муносибатҳои мутақобилан муфиди иқтисодии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо муҳокима карда мешавад. Ҳамчунин баррасии масъалаҳои марбут ба баъзе ҷиҳатҳои ҷараёни ислоҳоти соҳаи сармоягузорӣ, сиёсати берунии Қазоқистону Тоҷикистон ва ғайра муҳокима карда хоҳанд шуд. Дар машварат муовини роҳбари Маркази Созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон К. Расмусен иштирок хоҳад кард.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






