МУАССИСАИ ФАРҲАНГИИ ЭКО ДАР ДУШАНБЕ РАВЗАНА БОЗ МЕКУНАД
Душанбе, 19 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ояндаи наздик дар Душанбе дафтари намояндагии муассисаи фарҳангии ЭКО кушода мешавад»,чунин гуфт мудири муассисаи фарҳангии ЭКО Муҳаммад Раҷабӣ зимни мулоқоташ бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Рамазон Мирзоев дар Теҳрон. Бояд тазаккур дод, ки муассисаи фарҳангии ЭКО 20 сол муқаддам, соли 1989 таъсис дода шуда, ҳадафи он тавсеаи равобити илмию фарҳангӣ миёни кишварҳои аъзои ЭКО аст. Назар ба иттилои коршиноси тоҷик дар умури фарҳангии ин муассисаи ЭКО Шоҳмансури Шохмирзо, алҳол чор кишвари минтақа — Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Покистон узви доимии ин муассисаи фарҳангӣ ба шумор мераванд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






