МУДИРИ МОЛИЯ ЗИНДОНӢ МЕГАРДАД

Июнь 15, 2009 11:32

                  Душанбе, 15 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои корманди Агентии назорати давлатии молиявии вилояти Хатлон полковники адлия Акбарҷон Ҳасанов, соли ҷорӣ кормандони Агентиии ин вилоят нисбати азхудкунии амволи ғайр нисбати собиқ сардори шӯъбаи молияи шаҳри Қӯрғонтеппа Уктам Юлдошев парвандаи ҷиноӣ кушоданд. Уктам Юлдошев ҳангоми солҳои 2007 -2008 сардори шӯъбаи молия буданаш, бо истифода аз ваколати мансабӣ, бо тартиб додани бовариномаи қалбакӣ бо номи шаҳрвандон Комил Ортиқов ва Мурод Мирхоҷаев аз бахши Амонатбонки шахри Қӯрғонтеппа маблағи 570 ҳазору 393 сомониро дар асоси чекҳои пулӣ гирифта, аз он 550 ҳазор сомониро ба хазина даромад накардааст. Кормандони Агентӣ тафтиши парвандаи ҷиноиро дар асоси санадҳои мӯътамад ба охир расониданд. Парванда барои моҳиятан дида баромадан бо моддаи 345 қ 4 ба суд фиристода мешавад.                 Бояд тазаккур дод, ки соли 2008 кормандони Агентии вилоят 4 парвандаи ҷиноиро нисбати азхудкунии амволи ғайр ба суд дода буданд.

Июнь 15, 2009 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд