МУЛОҚОТ БО НАМОЯНДАГОНИ МАМЛАКАТҲОИ МАДАДГОР

Июнь 2, 2009 13:12

                         Душанбе, 2 июн. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абубакр).- Дар Вазорати молияи ҷумҳурӣ мулоқоти намояндагони вазорати мазкур бо намояндагони мамлакатҳои мададгор бахшида ба ҳисоботи иҷрои буҷети давлатии ҷумҳурӣ дар давоми моҳҳои январ-марти соли 2009 баргузор гардид. Дар мулоқот вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов маърӯза кард. Вай аз ҷумла зикр намуд, ки мамлакат айни ҳол вазъияти душворро аз сар мегузаронад, бӯҳрони кашолёфтаистодаи ҷаҳонии иқтисодӣ ва молиявӣ, вазъи номуайянӣ дар соҳаи барномасозии макроиқтисодӣ, кам шудани даромад, коҳиши вуруди маблағ аз хориҷа, кам гардидани интиқоли пул аз тарафи коргарони муҳоҷир ва дар натиҷа маҳдудияти ҷиддии буҷет вазъи иқтисодии мамлакатро боз ҳам душвортар мегардонад. Қайд карда шуд, ки кам кардани маблағи буҷет мақсадҳои ғаразнок надошта, балки ба зарурати беҳтар сохтани вазъи иқтисодию молиявӣ вобаста мебошад. Вазир зикр намуд, ки тибқи нақша маблағи даромади соли 2009 нисбат ба аввали сол 20-25 % кам шуда метавонад.                        Бояд қайд кард, ки сиёсати молиявӣ дар шароити бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ ба созишномаҳои бо Хазинаи байналхалқии асъор имзошуда, инчунин ҳамаи қарордодҳои дигари бо мамлакатҳои мададгор мувофиқашуда пурра мувофиқ мебошад. Ба ҳамагон маълум аст, ки буҷети давлатии ҷумҳурӣ айни ҳол ба вазъияти ногувор мувоҷеҳ гардидааст, бинобар ин мо мамлакатҳои мададгорро даъват менамоем, ки барномаҳояшонро дар бобати расонидани кӯмаки молиявӣ барои бартараф сохтани камбуди маблағ вусъат бахшанд. Имрӯз камбуди маблағи буҷет қариб 90 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ин ба маблағи кӯмаки Бонки ҷаҳонӣ дар ҳаҷми 20 миллион доллари ИМА ва кӯмаки Бонки рушди Осиё дар ҳаҷми 40 миллион доллари ИМА ва кӯмаки Иттиҳоди Аврупо дар ҳаҷми 12 миллион доллари ИМА дахл надорад. Пешгӯӣ кардан мумкин аст, ки буҷети ҷумҳурӣ дар натиҷаи кам шудани даромад дар охири фасли тобистон ва аввали фасли тирамоҳ вобаста ба коҳиш ёфтани даромади андоз ба вазъияти боз ҳам душвортар рӯ ба рӯ хоҳад гашт. Дар робита камбуди маблағи буҷет боз ҳам бештар ҳис карда хоҳад шуд. Ин расондани кӯмакҳои иловагиро аз ҷониби мамлакатҳо ва созмонҳои мададгор тақозо менамояд. Аз ин рӯ, мо ҳамаи агентиҳо ва созмонҳои мададгорро даъват мекунем, ки зимни баррасии имкониятҳои расонидани кӯмакҳои иловагӣ ҳамин ҷиҳати масъаларо ба назари эътибор гиранд.                     Дар фарҷоми мулоқот сардори Раёсати умумии буҷети давлатӣ Н. Абибуллоев ба намояндагони созмонҳои мададгор дар бораи ҷараёни иҷрои Буҷети давлат маълумоти муфассал дод.  

Июнь 2, 2009 13:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд