МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО КНУТТ ВОЛЛЕБЕК

Июнь 3, 2009 09:00

                        02-юми июни соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Олии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба ақаллиятҳои миллӣ Кнутт Воллебекро ба ҳузур пазируфт.                         Дар мулоқот масоили вобаста ба риояи ҳуқуқу манфиатҳои ақаллиятҳои миллӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуд.                        Иттилоъ дода шуд, ки алҳол дар Тоҷикистон дар баробари миллати таҳҷоӣ — тоҷикон, ки аксарияти аҳолии кишварро ташкил медиҳанд, намояндагони қариб 120 миллату халқият зиндагӣ доранд. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки меъёрҳои баробарҳуқуқии ақаллиятҳои миллӣ дар ҷомеа пурра риоя карда мешаванд ва ба маҳдудкунӣ аз рўи мансубият ба миллату нажод роҳ дода намешавад.                       Бо изҳори қаноатмандӣ аз натиҷаи пурсиши иҷтимоии Маркази иттилоотию аналитикии «Ҷамъият дар пешрафт» оид ба ин мавзўъ ёдоварӣ карда шуд, ки мутобиқи он 81,6 дар сади мусоҳибон муносибатҳои миёни тоҷикон ва ақаллиятҳои миллии Тоҷикистонро дўстона номидаанд.                         Кнутт Воллебек изҳор дошт, ки Комиссарати Олии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба ақаллиятҳои миллӣ омодааст ба намояндагони миллатҳои камшумори Тоҷикистон баҳри дастрасии бештарашон ба таҳсилот бо забони модарӣ ва ҳамчунин барои хубтар омўхтани забони давлатӣ кўмак расонад.                          Ба гуфти Кнутт Воллебек, Комиссарати Олии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба ақаллиятҳои миллӣ ҳамчунин вазъи риояи ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои намояндагони миллати тоҷикро дар дигар кишварҳо мавриди омўзиш қарор додааст.                           Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.  

Июнь 3, 2009 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст