МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ОСИФ АЛӢ ЗАРДОРӢ

Июнь 15, 2009 16:12

                 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Шӯрои илмии Донишгоҳи давлатии кӯҳии Урал, ки яке аз бонуфузтарин муассисаҳои олии таълимии Русия ба шумор меравад, бо унвони профессори фахрии ин донишгоҳ сарфароз гардонда шуд.                 Дар бинои Донишгоҳи давлатии кӯҳии Урал Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо шумораи зиёди ҳамватанону ҳамзабонони мо, ки дар ин ва дигар минтақаҳои Русия кору зиндагӣ ва ё таҳсил мекунанд, мулоқот орост.                 Хотиррасон бояд намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарҳои худ ба ҳар як кишвари хориҷӣ, ки дар ҳудуди он ҳамватанону ҳамзабонони мо кору зиндагӣ ва таҳсили илм мекунанд, вохӯриҳо гузаронда, баҳри саҳл намудани мушкилоти онҳо чораҳои муассир меандешад.                 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоти имрӯза бо ҳамватанону ҳамзабонон онҳоро ба саҳмгузорӣ дар рушду нумӯи Тоҷикистон, ҳифзи асолату ҳувияти миллии худ дар дурӣ аз Ватан, ба дӯстию муттаҳидӣ миёни ҳамдигар ва албатта ба эҳтиром ва риояи қонуният ва тартиботи ҳуқуқии кишвари қабулкунанда ҳидоят намуд.                   Нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ мулоқот намуд.                   Сарони ду давлат аз сатҳи имрӯзаи муносибатҳо асосан изҳори қаноатмандӣ карда, густариши минбаъда ва такон додани ҳамкориҳои судманди иқтисодиро зарур шумурданд.                   Эмомалӣ Раҳмон ва Осиф Алӣ Зардорӣ омодагӣ ва ҳавасмандии худро баҳри таҳким ва густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва нақлиёту коммуникатсия, аз ҷумла баҳри татбиқи ҳарчи зудтари лоиҳаи КАСАРЕМ (хатти 1000-киловолтаи интиқоли нерӯи барқи Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Покистон) таъкид намуданд.                    Ба пайвастани роҳҳои оҳану мошингарди миёни ду кишвар ва баромадани Тоҷикистон ба роҳҳои баҳрӣ тавассути бандарҳои Покистон низ изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.                    Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин оид ба авзои минтақавию ҷаҳонӣ ва густариши ҳамкорӣ баҳри таҳкими амнияту субот дар минтақа сурат гирифт.                    Ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Екатеринбурги Федратсияи Русия ба кори худ пагоҳ шурӯъ мекунад, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ хоҳад кард. 

Июнь 15, 2009 16:12

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд