МУЛОҚОТИ ВАЗИРИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ҶТ БО ВАЛИАҲД РАҲИМ ОҒОХОН
Душанбе, 4 июн. (АМИТ «Ховар», Нагис Бояхмедова).- Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ 3-ми июн бо валиаҳд Раҳим Оғохон мулоқот кард, ки барои боздиди корӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст. Зимни мулоқот барномаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, маърифатӣ ва фарҳанги мавриди баррасӣ қарор дода шуданд, ки Бунёди рушди Хазинаи Оғохон дар Тоҷикистон амалӣ месозад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар мулоқот намояндаи доимии Бунёди рушди Хазинаи Оғохон дар Тоҷикистон Мунир Миралӣ иштирок дошт. Ҳамрохон Зарифӣ дар ҷараёни сӯҳбат зикр намуд, ки ҳадафи барномаҳои дар Тоҷикистон амалишавандаи Бунёди рушди Хазинаи Оғохон дар шароити бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ бояд пеш аз ҳама ба паст гардондани сатҳи камбизоатӣ равона карда шавад. Мунир Миралӣ изҳор намуд, ки Бонки қарзҳои хурд минбаъд ҳам бо ҳукумати мамлакат барои беҳтар сохтани шароити сармоягузорӣ ҳамкорӣ карда, кори худро ба манфиати амалӣ сохтани барномаҳои хурду миёна ва расондани кӯмак ба оилаҳои камбизоат ба роҳ меандозад. Валиаҳд Раҳим Оғохон хабар дод, ки бори аввал ба минтақаи Осиёи Марказӣ сафар кардааст. Ҳадафи сафари ӯ шиносоӣ бо ҷараёни иҷрои барномаҳои Хазинаи Оғохон дар Тоҷикистон ва минбаъд ривоҷ додани ҳамкорӣ мебошад. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои марбут ба рафти сохтмони маркази фарҳангии исмоилиён дар шаҳри Душанбе ва меҳмонхонаи «Серена» баррасӣ шудаанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






