МУЛОҚОТИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ДОХИЛИИ ИДМ ДАР ЯЛТА
Душанбе, 3 июн. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- 4 июн дар Ялта маҷлиси Шӯрои вазирони корҳои дохилии мамлакатҳои ИДМ баргузор мегардад.Маҷлис дар қасри Ливадия гузаронида мешавад. Вазирон баъди имзои ҳуҷҷатҳои ниҳоӣ барои намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ нишасти матбуотӣ ташкил хоҳанд кард. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Шӯрои вазирони корҳои дохилии мамлакатҳои ИДМ соли 1996 бо мақсади ҳамоҳанг сохтани тадбирҳои мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ ташкил дода шуда буд. Дар маҷлис намояндагони ҳамаи давлатҳои ИДМ ба истиснои Туркманистон ширкат меварзанд. Дар он аз Тоҷикистон муовини вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Шариф Назаров иштирок хоҳад кард.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






