НАҚШАИ ГЕНЕРАЛИИ ПОЙТАХТ ТАКМИЛ ДОДА МЕШАВАД
Душанбе, 13 июн. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи «Гипрогор»-и шаҳри Маскави Федератсияи Русия бо назардошти хулосаи протоколии комиссияи тендерӣ ғолиби тендери кушод оид ба тасҳеҳи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе гардид. Тендери мазкур аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе созмон дода шуда, дар он шахсони ҳуқуқии ватанию хориҷӣ иштирок доштанд. Дар робита ҶСШК «Гипрогор»-и шаҳри Маскав корҳои тасҳеҳи Нақшаи генералии шаҳри Душанберо тибқи талаботи тендерӣ ба анҷом мерасонад. Дар асоси қарордоди ба имзорасанда маблағи иҷрои корҳои тасҳеҳи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе 415 ҳазор доллари америкоиро ташкил медиҳад, ки он аз ҳисоби маблағҳои буҷаи шаҳр пардохт карда мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






