НАХУСТИН КӮДАКИСТОНИ ХУСУСӢ ДАР КӮЛОБ
Душанбе, 19 июн. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Аз 1 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Кӯлоб кӯдакистони хусусӣ бо номи «Меҳрона» ба фаъолият шурӯъ кард. Мудири кӯдакистони мазкур Муҳаббат Иззатова зимни сӯҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки дар кӯдакистон барои 150 нафар кӯдак ҷой пешбинӣ шудааст, ҳоло бо шурӯъи кор 40 нафар тарбиятгиранда ба ин ҷо ҷалб шудааст. Инчунин, номбурда қайд кард, ки кӯдакистон ба куллӣ аз дигар боғчаҳои бачагонаи шаҳр тафовут дорад. Мо барои кор дар кӯдакистон тариқи озмун беҳтарин мураббиёнро интихоб намудем ва илова бар забони тоҷикӣ англисӣ ва русӣ махсус дарс дода мешаванд. Аз ҷониби дигар коршиносони маҳаллӣ бар ин назаранд, ки дар минтақаи Кӯлоб беш аз сад ҳазор кӯдаки то синни мактабӣ ҳастанд, вале аз ин шумора танҳо 5-6 фисади онҳо ба кӯдакистонҳо фаро гирифта шудаанд. Бо қавли онҳо мутаасифона боғчаҳои бачагона танҳо дар марказҳои шаҳру ноҳияҳо фаъолият мекунанд. Вале дар деҳот аслан аз чунин муассисаҳои кӯдакона нишон нест ва кӯдакон то синни мактабӣ ба ҷуз оила дар ҳеҷ ҷои дигар ба тарбия фаро гирифта намешаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






