НАХУСТИН НАМОИШГОҲИ ДАСТОВАРДҲОИ ИЛМИЮ ОМӮЗИШӢ
Душанбе, 16 июн.(АМИТ «Ховар, Марзия Саидова).-Нахустин намоишгоҳи дастовардҳои илмию омӯзишии Эрон нимаи аввали моҳи июл дар Душанбе баргузор мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» котиби масъули бахши матбуоти Сафорати Эрон дар Тоҷикистон Алиризо Ороста иттилоъ дод. Намоишгоҳи мазкур дар доираи таҳкими ҳамкории мутақобилан судманди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати улум, таҳқиқот ва фановарии Ҷумҳурии Исломии Эрон гузаронида мешавад. Дар намоишгоҳ, ки муддати се рӯз идома хоҳад ёфт, дастовардҳои илмию омӯзишии ин кишвар ба маърази тамошо гузошта мешаванд. Интизор меравад, ки дар намоишгоҳ 20 муассисаи илмию омӯзишӣ ва донишгоҳҳои Эрон иштирок менамоянд. Ҳадаф аз ташкили нахустин намоишгоҳ омӯзиши таҷрибаи донишгоҳҳои Эрон ва муассисаҳои пажӯҳишии ин кишвар, шиносоӣ бо дастовардҳои илмии онҳо, ба роҳ мондан ва тавсеаи ҳамкорӣ миёни донишгоҳҳои Тоҷикистону Эрон, бахусус дар бахши табодули донишҷуён аст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






