НАМОИШИ МУШТАРАКИ ТЕАТРҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ЭРОН

Июнь 10, 2009 14:17

                   Душанбе, 10 июн. (АМИТ «Ховар» Таҳмина Ғоибназарова).- Театри давлатии лӯхтаки Тоҷикистон ҳамроҳи театри марказии лӯхтаки Теҳрон, ки «Маркази наврасону бачагон» ном дорад, аз рӯи достонҳои Абулқосим Фирдавсӣ «Шоҳнома» намоишномаи муштаракро пешкаши тамошобинон мегардонад. Дар ин бора дар созишномаи ҳамкории ҳар ду театр сухан меравад, ки зимни гуфтушуниди роҳбарони ҳар ду театр дар шаҳри Душанбе имзо шуда буд. Мувофиқи созишнома театри лӯхтаки Тоҷикистон моҳи ноябри соли равон дар ҷашнвораи байналхалқии театрҳо таҳти унвони «Муборак» иштирок хоҳад кард.                  Саркоргардони театри лӯхтаки Тоҷикистон Зафар Ҷавводов барои ба саҳна гузоштани асари нави саҳнавӣ ба Эрон сафар мекунад.

Июнь 10, 2009 14:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд