НИҲОЛҲОИ ХУДРӮИ БАНГДОНА НОБУД КАРДА ШУД
Душанбе, 12 июн. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- 11 июн дар ҳудуди отряди сарҳадии «Ғулакандоз» дар ноҳияи Ғончии вилояти Суғд дар доираи амалиёти «Кӯкнор-2009» хизматчиёни Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд 483 ҳазору 615 ниҳоли худрӯи бангдонаро кашф ва несту нобуд карданд. Тавре аз маркази матбуоти Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, аз оғози амалиёти «Кӯкнор-2009» дар ҳудуди вилояти мазкур зиёда аз 814 ҳазор ниҳоли худрӯи навъи бангдона ёфт ва несту нобуд карда шуд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






