НОРОҲАТИИ ИСТИРОҲАТКУНАНДАГОН

Июнь 24, 2009 10:22

                  Душанбе, 24 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз мавсими истироҳати тобистона дар курорту санаторияҳо 24 рӯз сипарӣ гардид.                 Бино ба иттилои Раёсати курортҳои ҷумҳурӣ, қиммати роҳхатҳо дар ҳамаи истироҳатгоҳҳои ҷумҳурӣ ғайр аз курорти Хоҷа — Обигарм ба андозаи 100 сомонӣ боло рафтааст.                  Акнун қиммати як роҳхат барои 12 рӯзи дамгирӣ дар курорти Шоҳамбарӣ 720 сомонӣ арзиш дорад. Аз овардани рақами арзиши роҳхатҳо дар дигар курортҳои ватанӣ барои хира нашудани табъи истироҳаткунандагон дар дастрасии роҳхатҳо худдорӣ мекунем.                  Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, талаботи кормандони корхонаю идораҳо барои ба курортҳо рафтан зиёд аст.                  Ногуфа намонад, ки як қисми истироҳаткунандагон шахсони имтиёзноканд ва аз се як қисми маблағро пардохт мекунанд.

Июнь 24, 2009 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд