ОЛМОН ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБИИ ХУДРО БА АФҒОНИСТОН МЕФИРИСТАД

Июнь 18, 2009 11:48

                  Берлин, 18 июн. (АМИТ «Ховар»-РБК).- Ҳукумати Ҷумҳурии Федероли Олмон дар бораи фиристодани гурӯҳи иловагии хизматчиёни ҳарбӣ ба Афғонистон қарор қабул намуд. Тибқи қарори мазкур ба Афғонистон 300 хизматчии ҳарбӣ ва якчанд ҳавопаймоии разведкавӣ фиристода мешаванд. Қарори мазкур бояд рӯзҳои наздик дар парлумон муҳокима карда шавад. Дар мавриди маъқул донистани он, хизматчиёни ҳарбии олмонӣ моҳи июл ба Афғонистон фиристода мешаванд.                  Ҳафтаи гузашта зимни мулоқоти вазирони мудофиаи мамлакатҳои аъзои НАТО қайд карда шуд, ки қувваҳои эътилофӣ дар Афғонистон ба теъдоди зиёди ҳавопаймоҳои разведкавӣ эҳтиёҷи калон дорад. Ҳоло дар Афғонистон 3750 хизматчии ҳарбии Олмон ҷой дода шуда аст.

Июнь 18, 2009 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд