ОВОЗХОНИ НАВРАСИ ТОҶИК ПРЕЗИДЕНТИ ТУРКИЯРО ҚОИЛ КАРД
Анқара, 10 июн. (АМИТ «Ховар», Катерина Аксакова).-Талабагони мактабҳои Тоҷикистон дар олимпиадаи 7-уми байналхалқии забони туркӣ ширкат варзиданд, ки рӯзҳои истироҳати гузашта дар шаҳри Анқара анҷом ёфт. 16 нафар талабаи мактабҳои Тоҷикистон на танҳо маҳорати олии худро дар бобати донистани забону грамматикаи туркӣ нишон доданд, балки дар сабқати эҷодии суруду рақсҳои тоҷикию туркӣ дар мавзӯи сулҳу дӯстӣ ва навиштани мақолаҳо фаъолона иштирок намуданд. Иштирокчиёни олимпиадаро Предизенти Туркия Абдулло Гул ба ҳузур пазируфт. Талабаи тоҷик Меҳринигори Рустам дар ҳузури сардори давлати Туркия суруди «Телли Турнам»-ро иҷро кард. Ў бо овози пурҷозиба ва дилошӯбаш роҳбари давлати Туркияро қоил намуд. Абдулло Гул ба ҳунари овозхони навраси тоҷик баҳои баланд дод. Имсол дар олимпиадаи байналхалқии забони туркӣ аз 115 мамлакати ҷаҳон қариб 700 талаба иштирок дошт. Ҳамаи онҳо ғолибони озмунҳои забони туркӣ дар мамлакатҳояшон мебошанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






