ПРЕЗИДЕНТ БА СУҒД РАФТ

Июнь 23, 2009 08:36

                  Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри иштирок дар тантанаҳои ҷумҳуриявии идона бахшида ба рӯзи Ваҳдат ва ҳамчунин шиносоӣ бо вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии вилояти Суғд ба шаҳри Хуҷанд сафар кард.                  Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар чаҳорчӯби барномаи сафараш то рӯзи 27 — уми июн аз як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Сугд дидан карда, шумораи зиёди иншооти иҷтимоию фарҳангӣ, энергетикию саноатӣ ва нақлиётию коммуникатсиониро, ки бунёдашон дар арфаи иди умумимиллии сулҳу ваҳдат анҷом ёфтааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳад. Дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро бо шукргузорӣ аз сиёсати ваҳдатдорӣ ва бунёдкорию созандагӣ бо шодию сурур ва дилхушиҳои аҳли ҷамоа истикбол гирифтанд.                Дар ин бора ба АМИТ "Ховар" аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Июнь 23, 2009 08:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд