ПРЕЗИДЕНТ ДАР АШТ

Июнь 26, 2009 12:51

                       Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ашт ташриф оварда, нахуст бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии боғпарварии Амир, ки 40 гектар боғ дорад аз наздик шинос шуд. Маълум шуд, ки 38 гектараш боғи зардолу ва 2 гектари он токзор мебошад. Аҳли хоҷагӣ зардолуро бештар хушк намуда ба хориҷа содирот мекунанд. Ба гуфти роҳбари хоҷагӣ Пӯлод Ашуров, имсол ҳосили зардолу фаровон аст ва онҳо ният доранд 25 тонна зардолуи хушк ба хориҷа содир намоянд.                         Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти ноҳия супориш дод, ки ба ин соҳибкор 100 гектар замин диҳанд то соли оянда дар он боғҳои нав бунёд намуда ҷойҳои иловагии корӣ муҳайё созад.                         Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар бошишгоҳи саҳроии ҳамин хоҷагӣ бо фаъолон ва намояндагони мардуми ноҳия мулоқот ороста, онҳоро, аз ҷумла, ба боз ҳам васеъ намудани майдони боғҳо, ба роҳ мондани коркарди саноатӣ ва бастабандии меваю сабзавот, бунёди ҷойҳои нави корӣ ва ҳамчунин ба арҷгузорӣ ба фарҳанги сарфаю сариштакорӣ, аз ҷумла, сарфаи об ва нерӯи барқ ҳидоят намуд.                        Зимни суханронӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми ноҳияи Ашт мужда расонд, ки рӯзхои наздик барои азнавсозӣ ва таҷҳизонидани беморхонаи марказии ноҳия аз ҳисоби фонди захиравии Президенти мамлакат 1 млн. сомонӣ маблағи иловагӣ ҷудо мегардад. «1 млн. сомонии дигар барои пурра амалӣ намудани ин ҳадаф соли оянда ҷудо карда мешавад», таъкид дошт Сарвари давлат.                       Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Июнь 26, 2009 12:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд