РАМА БАЪДИ ОББОЗӢ БА ЧАРОГОҲИ ТОБИСТОНА МЕРАВАД
Душанбе, 3 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Муассисаи давлатии «Трести чарогоҳу мелиоративӣ»-и Вазорати кишоварзӣ дар асоси фармони вазир аз 7-уми апрели соли ҷорӣ «Оид ба истифодаи чарогоҳҳои тобистонаи ҷумҳурӣ ва ба ин чарогоҳҳо рондани чорво дар соли 2009» бо ёрии бевоситаи ташкилоти кишоварзию озуқа (ФАО)-и Созмони Милали Муттаҳид ва дастгирии Хадамоти назорати давлатии байторӣ, оиди омода намудани дидбонгоҳи назоратию байтории «Дубеда»-и ноҳияи Файзобод як қатор корҳоро анҷом дод. Дар ин минтақа ҳавзи шустушӯи чорво, ки чандин солҳои баъди пошхӯрии шӯравӣ аз фаъолият боз монда буд аз нав эҳё карда шуд. Боиси тазаккур аст, ки ҳадаф аз эҳёи дидбонгоҳи мазкур нест кардани касалиҳои пӯст тавассути шустушӯйкунии кимиёвӣ ва ҳашароти сирояткунандаи бемориҳо аз бадани чорво мебошад.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






