РАВАНДИ МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ ТАНЗИМ МЕГАРДАД

Июнь 16, 2009 11:32

                 Душанбе, 16 июн. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Чанде қабл ҳайати чилнафараи гурўҳи корӣ аз ҷониби Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Краснодари Федератсияи Россия сафарбар карда шуданд.                   Тавре аз маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, гурўҳи мазкур чанде пеш дар ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ, ки бо ибтикори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд барои дарёфти ҷойҳои кори холӣ дар шаҳри Краснодари Федератсияи Россия роҳхат гирифтанд. Роҳхатгирифтагон аз минтақаҳои Хатлону Кўлоб, Данғара ва Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ҷамъ омада буданд.                   Ёдрас мешавем, ки рўзҳои 20 то 24 апрели соли 2009 барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, шаҳрҳои Душанбе, Кўлоб, Данғара, Хоруғ ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ гузаронида шуда буд.                   Дар ярмарка-чорабинии мазкур ширкатҳои ватаниву хориҷӣ барои бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандон иштирок намуда, беш аз чор ҳазор нафар бо ҷойҳои кории холӣ дар кишвар ва берун аз марзи он бо ҷойи кор таъмин гардиданд.                   Ҳамчунин соли 2009-ум бо ибтикори Ҳукумати Федератсияи Россия ҷиҳати сохтмони биноҳои Олимпии шаҳри Сочии вилояти Краснодари ФР барои понздаҳ ҳазор нафар аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2009-2014 квотаҳо муайян гардиданд.                   Роҳхатгирифтагон ҳар ҳафта, тариқи ҳавопаймо ба кишвари Краснодар равона мегарданд.                   Ҳамчунин бо дастгирии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Биржаи меҳнатии ҷавонон ба корхонаи маҳсулоттайёркунии «Бунятина» гурўҳи 70 нафара, ки аз он теъдоди 43 нафарро мардон ва 25 нафар занон ташкил менамуданд ба кор сафарбар гардиданд.  

Июнь 16, 2009 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд