РОҲҲО ОБОД МЕШАВАНД

Июнь 17, 2009 11:36

                   Суғд.17 июн. (АМИТ «Ховар»,Мирзалӣ Амонов, Самад Юсуфӣ).-Ба истиқболи иди Ваҳдати Миллии умумиҷумҳуриявӣ, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад, дар вилоят роҳҳо обод мешаванд.                    425 километр роҳҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, атрофи шаҳрҳои Хуҷанд, Қайроққум ва Чкалов мансуби Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошад.                   Танҳо дар 5 моҳи соли равон муассиса ба маблағи 268 ҳазор сомонӣ корҳои таъмиру таҷдид ва ободонии роҳҳоро ба анҷом расонид.                   Ин таъмиру навсозии қитъаҳои роҳҳои Конибодом-Хуҷанд-Спитамен, Хуҷанд-Ғафуров, Хуҷанд-Бӯстон-Чаноқ, Чкалов-Қотма, Хуҷанд-Оқтош, Хуҷанд-Унҷӣ, роҳи Қасри Арбоб ва амсоли ин мебошад.                     Роҳсозони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бар он кӯшиданд, ки корҳои таъмири ҷорӣ, таъмири асосӣ, навсозӣ дар асоси меъёрҳо ва технология амалӣ гардад. Барои ин дар қатори техникаи мавҷуда таҷҳизоти муосири асфалтбурӣ, таҷҳизоти хурди асфалтхобонӣ истифода карда шуд.                    Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори Муассисаи нигаҳдории давлатии роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Қурбон Каримов иттилоъ дод.  

Июнь 17, 2009 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд