САФАРИ КОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Июнь 9, 2009 10:05

                  Имрӯз, субҳи барвақт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри шиносоӣ бо рафти бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ дар ноҳияи Хуросон, расондани кӯмакҳо ба аҳолии зарардида ва ҳамчунин баҳри ошноии наздик пайдо намудан бо вазъи хоҷагии халқ дар вилояти Хатлон ба як қатор шаҳру ноҳияҳои ин вилоят сафар кард.                  Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон аз маҳаллаи Уялии ноҳияи Хуросон, ки сокинонаш аз боронҳои пайдарпай ва омадани селобу лойқа беш аз ҳамаи минтақаҳои дигари кишвар зарари моддӣ дидаанд, оғоз ёфт.                  Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо рафти бартарафсозии оқибатҳои боронҳои сел дар ин мавзеъ шинос шуда, бо аҳолии зарардида аз наздик сӯҳбат намуд.                  Чунонки маълум шуд, қарзҳои имтиёзнок ва кӯмакпулиҳои Ҳукумати мамлакат саривақт ба мардум дастрас карда шудааст. Кӯмакҳои дигар аз ҳисоби вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои дахлдор, шаҳру ноҳияҳои зиёди мамлакат ва кишварҳои хориҷию созмонҳои байналмилалӣ расонда мешаванд.                    Барои сохтмони хонаҳои нав ба онҳое, ки манзилҳояшон пурра ё қисман зарар дида ғайри қобили барқарорсозӣ шудаанд, дар ҷойҳои бехавф қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардидааст. Оилаҳои аз хонаҳои худ маҳрумшуда бо ҷойҳои муваққатии зист, масолеҳи зарурии сохтмонӣ ва қувваи ёридиҳандаи корӣ аз ҳисоби сарбозони қисмҳои низомии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ таъмин гаштаанд. Танҳо аз ҳисоби Ҳукумати мамлакат ба онҳо 1800 тонна семент ҷудо гардидааст. Шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 70 хонаи истиқоматӣ ва вилояти Суғд 12, вазорату идораҳои ҷумҳурияви49 хона сохта тӯҳфа мекунанд. Оилаҳое,кихонаҳояшон қисман зарар дидаанд, бо масоили сохтмонии ройгон ва дигар кумакҳо таъмин карда мешаванд.                   Чунонки ба мушоҳида расид, сохтмони хонаҳои нав ба тариқи ҳашар бо суръати баланд идома дорад.                  Иттилоъ дода шуд, ки тибқи супориши Сарвари давлат қисмати зиёди кӯдакони оилаҳои зарардида дар лагерҳои тобистона ва мавзеъҳои дигари фароғатӣ ҷойгир шудаанд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти вилояти Хатлон ва сохторҳои дахлдори ҷумҳуриявию вилоятӣ баҳри тезондани корҳои сохтмонӣ, муҳайё намудани шароити зарурӣ дар маҳалҳои зисти муваққатӣ, таъмини сокинон бо хизматрасонии тиббӣ, оби нӯшокӣ ва ҳамчунин баҳри сохтмони мактаб, бунгоҳи тиббӣ, роҳҳо ва дигар инфрасохтори зарурӣ дар маҳалҳои нави истиқоматӣ дастуру ҳидоятҳо дод. Аз ҷумла таъкид гардид, ки тамоми оилаҳои бехонамонда то моҳи октябри соли равон бояд ба хонаҳои нави худ ворид шаванд.Хотиррасон бояд намуд, ки дар ноҳияи Хуросон 148 хона пурра ва 127 хонаи дигар ?исман аз омадани селу лойқаи зиёд зарар дида буд.                  Аз ин сабаб, мутобиқи супоришҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон 132 оила пурра бо хонаҳои нав ва ашёи рӯзгор ба таври ройгон таъмин мешаванд, 310 оила бо масолеҳи сохтмонӣ ба 58 оилаи дигар бо қитъаҳои наздиҳавлигӣ ва дигар кӯмакҳо таъмин карда мешаванд.                   Дар маҷмӯъ кӯмакҳои зарурӣ ба 500 оила расонида мешавад.                   Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон супориш дод, ки сохтмони мактаб, бунгоҳи тиббӣ ва хатҳои обу барқ низ зудтар оғоз карда шаванд. Дар ин бора ба АМИТ "Ховар" аз Хадамоти матбуоти Президенти Чумхурии Точикистон иттилоъ доданд.

Июнь 9, 2009 10:05

Хабарҳои дигари ин бахш

«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд