САФИРОНИ ФАРҲАНГИИ ДУ КИШВАРИ ҲАМЗАБОН

Июнь 4, 2009 11:33

                         Душанбе, 4 июн. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова».- Маркаи муштараке, ки байни Тоҷикистону Эрон нашр гардид ба унвони сафирони фарҳангӣ ва дар айни ҳол василаи табодули илмию фарҳангии байни миллатҳои мухталиф арзёбӣ шуд.                         Он дар доираи таҳкими ҳамкории мутақобилан судманди Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷик» ва Почтаи Ҷумҳурии Исломии Эрон нашр шуда, дар тақвияти ҳамкории ду кишвари ҳамзабон дар эҷоди ҳамкории бештар байни мардуми кишварҳои гуногун ва кӯмак ба пойдории сулҳи саросарии ҷаҳон нақши муассир мегузорад.                        Тибқи итилои муовини директори генералии КВД «Почтаи Тоҷик» Давлаталӣ Нилов, алҳол ҳамкории мутақобилан судманди «Почтаи Тоҷик» бо идораҳои Почтаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар сатҳи баланд қарор дошта, шаҳодати рушди дурнамои ин соҳа аст.

Июнь 4, 2009 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд