СЕМИНАР ОИД БА ОЯНДАИ БИОТИББӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 5 мая. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Рӯзҳои 9-10 июни соли ҷорӣ бо ташаббуси Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе семинар- ҷаласа дар мавзўи «Рушди ояндаи биотиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронида мешавад. Дар он намояндагони Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазоратии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи Каролинска (Стокголм, Шветсия) ва Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тибби Тоҷикистон иштирок хоҳанд кард. Дар он оид ба масъалаҳои коркард ва амалисозии баҳисобгирии электронии сохтори тандурустӣ ва алоқаи мутақобила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба саҳми Лоиҳаи BioMedistan дар раванди таълими Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тибби Тоҷикистон, муомилотҳои муосир дар ҷараёни ташхис ва табобати бемориҳои ишемиявии дил, ташкил ва фаъолияти шўъбаи муҳандиси биотиббӣ дар Шветсия, ташкил ва фаъолияти шўъбаи радиологӣ дар Португалия, ташкил ва фаъолияти шўъбаи бемориҳои дил дар Португалия барасӣ мегарданд. Инчунин гузаронидани мизи мудаввар бо мутахассисиони соҳаи Технологияи муосири радиологии базаи Беморхонаи шаҳрии клиникии ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Душанбе фаъолият дошта ва бо мутахассисони дар соҳаи Технологияи муосири бемориҳои дил дар базаи Маркази ҷумхуриявии клиникавии бемориҳои дил дар назар аст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






