ШАБАКАИ НАВИ ИНТЕРНЕТИИ ИНТИҚОЛИ БОСУРЪАТИ ИТТИЛООТ БАРОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ
Душанбе, 30 июн. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова).- Бо маблағи Иттиҳоди Аврупо барои минтақаи Осиёи Марказӣ шабакаи нави интернетии интиқоли босуръати иттилоот ва маълумоти илмию маърифатӣ бунёд карда мешавад. Дар натиҷа олимон ва донишҷӯёни мамлакатҳои Осиёи Марказӣ метавонанд бо ҳамкасбонашон дар мамлакатҳои дигари ҷаҳон самарабахштар ҳамкорӣ кунанд. Шабакаи мазкур ба олимону донишҷӯёни мамлакатҳои гуногун имкон медиҳад, ки дар як вақт сӯҳбат карда аз дастовардҳои илмии худ бохабар шаванд. Нақшаи бунёди шабакаи мазкур дар ҷараёни ду мулоқот дар сатҳи олӣ муҳокима карда мешавад, ки аз 30 июн то 2 июл дар шаҳри Алма-ато баргузор мегарданд. Баъди маҷлиси кумитаи иҷроияи созандагони шабака маҷлиси нахустини роҳбарони шабакаи мазкур гузаронида мешавад. Маҷлис таҳти раёсати намояндаи Комиссияи Аврупо баргузор мегардад, дар он намояндагони ҳамаи мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ширкат меварзанд. Ба туфайли шабакаи мазкур дар оянда дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар соҳаҳои таҳқиқи муҳити зист, радиоастрономия, табобати бемориҳо аз масофаи дур, ба қайд гирифтани мероси фарҳангии мамлакатҳои алоҳида, палеонтология ва истихроҷи сарватҳои зеризаминӣ барномаҳои гуногуни интернетӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд. Тибқи нақша, шабакаи мазкур соли 2010 ба истифода дода мешавад. Айни ҳол барои бунёди шабакаи интернетии доманадори рӯизаминӣ озмун эълон карда шудааст. Шабакаи мазкур ба ивази шабакаи алоқаи радифӣ бунёд карда мешавад. Комиссияи Аврупо ҳамроҳи мамлакатҳои Осиёи Марказӣ барои бунёди шабакаи интернетии мазкур маблағ ҷудо хоҳанд кард. Тарҷумон Қудратов А.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






