ШИНОХТИ АБӮҲАНИФА ДАР МАКТАБ

Июнь 2, 2009 16:58

                        Душанбе, 2 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Маркази илмӣ — таҳқиқотии «Имоми Аъзам» — и назди Шӯрои уламои дини вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии Хуҷанд китоберо бо номи «Шинохти Имоми Аъзам дар мактаб» аз чоп баровард.                         Муаллифони китоб Саидумрон Саидов ва Ислом Раҳимов буда, он таҳти назари академики Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, ректори Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров -Носирxон Салимов чоп шудааст.                        Китоб аз панҷ боб иборат аст. Дар он порчаҳо аз суханрониҳои Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Имоми Аъзам, тарҷумаи ҳоли Имом Абӯҳанифа, маслиҳатҳо барои омӯзгорон дар шинохти Имом Абӯҳанифа, нақша — конспектҳои соатҳои тарбиявӣ, намоишномаи адабӣ, ҳикояҳо, шеърҳои шоирони классики тоҷик доир ба Имом Абӯҳанифа гирд оварда шудаанд. Дар китоб адабиёту сарчашмаҳо ва номи беш аз 40 сомонаи интернетӣ, ки аз онҳо дар бораи Имоми Аъзам маълумот гирифтан мумкин аст, ҷой дода шудааст.                        Назар ба иттилои яке аз муаллифони китоб Ислом Раҳимов, дар китоб ҳамчунин, рӯйхати 50 китоб, ки бо истифода аз онҳо доир ба мазҳаби ҳанафӣ ва шахсияти Имоми Аъзам маълумот гирифтан мумкин аст, дарҷ гардидааст. Он ҳамчун роҳнамои таълимӣ ба омӯзгорон ҷиҳати пурсамар гардидани саоатҳои дарсиашон мусоидат менамояд. Зеро дар боби панҷуми китоб Васиятномаи Имоми Аъзам ҷой дода шудааст.  

Июнь 2, 2009 16:58

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд