СИЁСАТИ «ДАРҲОИ КУШОД» СИЁСАТИ ДУРУСТ АСТ
Душанбе, 8 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Сиёсати «Дарҳои боз» барои Тоҷикистон сиёсати саривақтӣ ва зарурӣ аст,- иброз дошт сардори департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷӣ Давлат Назрӣ. Бартарии ин сиёсат дар он аст, ки Тоҷикистон метавонад, бо чандин кишварҳо, ки дар ин ё он арса аҳд ва манофеи муштарак доранд, ҳамкорӣ намояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои худро бо 119 давлати ҷаҳон дар асоси муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангӣ ба роҳ мондааст. Тибқи сиёсати дарҳои боз далеле дар бораи маҳдуд кардани ин ё он кишвар дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон вуҷуд надорад. Ҳамроҳ шудани кишварҳои нав дар ҳамкориҳои Тоҷикистон як амри табиист ва инро танҳо манофеи миллии мо муайян мекунад на чизи дигару на каси дигар. Ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистон бо беш аз 100 давлати дунё муносибатҳои дипломатиашро дар сатҳи олӣ ба роҳ мондааст, ки ин аз рушди дипломатияи Тоҷикистон далолат мекунад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






