СОХТМОНИ ДИДБОНГОҲҲО ДАР КӮЛОБ

Июнь 12, 2009 09:45

                   Кӯлоб, 11 июн. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Бар асоси иттилои роҳбари ширкати серсоҳавии хусусии истеҳсолӣ ва тиҷоратии «Марҷона» — и шаҳри Кӯлоб Файзалӣ Алиев сохтмони дидбонгоҳҳои «Вохӯри» — и шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Ҳамадонӣ аз 15 майи соли равон оғоз гардида то рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешаванд.                   Ба гуфтаи ин манбаъ маблағи 2 дидбонгоҳ 400 ҳазор сомониро дарбар гирифта, айни ҳол сохтмончиён ба сохтмон машғуланд. Мавриди зикр аст, ки ширкати мазкур сохтмони чунин дидбонгоҳҳоро дар ноҳияҳои Данғара ва Мӯъминобод ба маблағи 1 млн. 750 ҳазор сомонӣ ба итмом расонидааст. Мувофиқи нақша ШХСИТ «Марҷона» аз 2 июни соли ҷорӣ барои обёри кардани маҳаллаҳои Сино, Вализода ва Ҷомӣ ба маблағи 800 ҳазор сомонӣ кори худро оғоз менамояд.

Июнь 12, 2009 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд