СОХТМОНИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДУШАНБЕ-БЎСТОН ДАВОМ ДОРАД

Июнь 16, 2009 14:51

                Душанбе, 16 июн. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Муовини мудири иҷроияи Маркази сохтмон ва тармиму таҷдиди роҳи моншингарди Душанбе-Бӯстон Рустам Абдуллоев ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки иҷрои корҳои дар даври аввали сохтмони роҳ пешбинишуда бо сабаби боронҳои тӯлонии фасли баҳори имсола, омадани сел ва фуромадани ярчу тармаи зиёд то моҳи август мавқуф гузошта мешавад. Р. Абдуллоев зикр намуд, ки қисми зиёди корҳо дар сохтмони роҳи мазкур аллакай анҷом дода шудаанд. Тармиму таҷдиди қисмати шимолии роҳ аз километри 169 -ум сар карда то километри 368 дар сарҳади Ўзбекистон анҷом дода шуданд.                 Айни ҳол қисмҳои душворгузари роҳ, дар километри 16-ум дар ҳудуди ноҳияи Варзоб, километри 82 дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ ва километри 4-ум аз ҷониби вилояти Суғд тармим карда мешаванд. Қирпӯш кардани роҳ ва мустаҳкам кардани ду тарафи он дар даври аввал пурра анҷом дода шуданд.                 Ёдовар мешавем, ки барои тармиму таҷдиди роҳи мазкур 295 миллиону 900 ҳазор доллари ИМА ҷудо карда шуда буд. Қисмати зиёди маблағи мазкурро Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Мардумии Чин ба зимма гирифтааст. Барои корҳои дар даври аввал пешбинишуда 168 миллион доллари ИМА сарф карда мешавад.                 Давраҳои 2 ва 3-юми сохтмони роҳ бояд моҳи июли соли 2010 анҷом дода шавад. Роҳи мазкурро дар давоми солҳои 2010-2011 комиссияи махсуси давлатӣ қабул менамояд. Р. Абдуллоев зикр намуд, ки умуман тармими роҳ мувофиқи нақша давом дорад ва моҳи сентябри соли 2011 дар арафаи таҷлили 20 -солагии Истиқлолияти ҷумҳурӣ пурра ба истифода дода мешавад.  

Июнь 16, 2009 14:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд