СОХТМОНИ СИЛСИЛАНЕРӮГОҲҲО ДАР ВАХШ ҲАҚҚИ ТОҶИКИСТОН АСТ

Июнь 15, 2009 11:30

                 Душанбе, 15 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти иқтисодшинос Холназар Муҳаббатов, дар Тоҷикистон 70 фоизи дарёҳо сарҳадгузар нестанд.                  Ба ин дарёҳо; Ваш, Кофарниҳон, Хингоб, Ғунд, Ванҷ, Бартанг ва Шохдара шомиланд. Ин маънои онро дорад, ки Тоҷикистон ин дарёҳоро бо хости худ истифода карда метавонад.                   Ҳамаи он касоне даъво доранд, ки Вахш сарҳадгузар аст, сахт иштибоҳ мекунанд,- иброз дошт Х . Муҳаббатов. Вахш дар дохили Тоҷикистон ҷорист ва дар марзи Афғонистон мерезад, то резишгоҳ сарҳади ягон давлатро убур намекунад.                  Агар сухан дар бораи сохтмони нерӯгоҳи Роғун равад, ҳатто коршиноси энержии Бонки Ҷаҳонӣ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ Рагувир Шарм дар як гузориши худ гуфтааст, ки Тоҷикистон сад фоиз ҳақ дорад дар рӯдхонаи Вахш нерӯгоҳи Роғунро бунёд кунад.

Июнь 15, 2009 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд