СОХТМОНИ ТУННЕЛИ ШАР-ШАР АНҶОМ ЁФТ

Июнь 9, 2009 11:15

                   Душанбе, 9 июн. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- ҳамаи корҳои сохтмонӣ, аз ҷумла кандани нақб ва бетонхобонӣ дар туннели Шар-Шар ба итмом расид. Аз Раёсати умумии сохтмони роҳҳои Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки кушодашавии туннел 20 август баъди қабули комиссияи махсус баргузор мегардад. Айни ҳол дар туннел корҳои андовакуниву ороишдиҳӣ ва насби асбобу анҷоми равшанидиҳандаю ҳавокашӣ давом доранд. Айни ҳол қирпӯш кардани фарши туннел давом дорад.                   Дарозии туннели Шар-Шар 2 километр ва 235 метрро ташкил медиҳад. Сохтмони он моҳи октябри соли 2006 сар шуда буд.                   Мақсади сохтмони мазкур таъмини рафту омади нақлиёт дар ҳама фаслҳои сол мебошад. Туннел дар байни Душанбею Кулоб сохта мешавад. Ба воситаи он пойтахти ҷумҳурӣ бо шаҳри Хоруғ, ноҳияи Мурғоб ва ағбаи Қулма пайваст хоҳад шуд. Ғайр аз ин аз ду тарафи туннел ба масофаи 6 киломерт роҳҳои мошингард сохта мешавад.

Июнь 9, 2009 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд