СОХТОРИ ХАДАМОТ АЗ НАВ ТАЪСИС ДОДА ШУД
Душанбе, 22 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар асоси қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 2-юми декабри соли 2008 «Дар бораи Хадамоти давлатии ташхиси тиббию — иҷтимоӣ» сохтори Хадамот аз нав таъсис дода шуд. Аз ҷониби Хадамоти давлатии ташхиси тиббию- иҷтимоии вазорат 10 ҳазору 460 нафар шаҳрвандон аз ташхиси тиббӣ гузаронида шуданд. Аз шумораи умумии зери ташхис қарордошта ба 9777 нафар гурӯҳи маъюбӣ муқаррар карда шуд. Бори аввал 4137 нафар беморон аз ташхиси тиббию — иҷтимоӣ гузаштанд, ки ба 3809 нафарашон гурӯҳи маъюбӣ муайян карда шуд. Ба 328 нафарашон бинобар сабаби набудани асос гурӯҳи маъюбӣ дода нашуд. Аз 3809 нафар маъюбоне, ки гурӯҳи маъюбӣ дода шудааст 289 нафар гурӯҳи якум, 2037 нафар гурӯҳи дуюм ва ба 1480 нафар гурӯҳи сеюм муқаррар карда шуд. Ба 508 нафар бемороне, ки табобатнашаванда буда, аксарияти онҳо маъюбони овони кӯдакӣ ва модарзодиро ташкил медиҳанд, гурӯҳи бемории бемӯҳлат муайян гардид.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






