СОЛИМИИ КӮДАКОНУ НАВРАСОН ТАҲТИ НАЗОРАТ АСТ
Душанбе, 9 июн. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Таъмини сатҳ ва сифати саломатии кўдакон, аз ҷумла паст кардани нишондиҳандаи фавт ва беморшавии онҳо яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи имрўзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Тавре аз маркази матбуоти Вазорати Тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, роҳбарияти Вазорати тандурустӣ дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои кўмакрасон ба монанди Хазинаи кўдакони СММ, Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, Наҷоти кўдакон, Хазинаи Оғохон ва дигар ташкилотҳо, оиди беҳдошти саломатии модарону кўдакон як қатор чорабиниҳоро амалӣ карда истодаанд. Дар чорчӯбаи ташкил ва гузаронидани ин чорабиниҳо инчунин тақсимоти ғилофакҳои витамини А дар байни кӯдакони синни аз 6 то 72 моҳа ва бегиҷҷагардонии кӯдакони синни аз 24 то 72 моҳа саҳми муҳимро мебозанд. Аз аз ин лиҳоз аз 10-ум то 20 июни соли 2009 дар тамоми вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ давраи навбатии тақсимоти ғилофакҳои витамини А дар байни кӯдакони синни аз 6 то 72 моҳа ва бегиҷҷагардонии кӯдакони синни аз 24 то 72 моҳа дар назди муассисаҳои тиббӣ — профилактикӣ, таҳти назорати бевоситаи роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ гузаронида мешавад. Истифодабарии мақсадноки витамини А махсусан дар байни кӯдакон метавонад биноӣ (шабона, рӯзона ва ранга), мустаҳкамшавии бофтаҳои рӯйпӯш, ситемаи муҳофизати бадан (сироятнопазирӣ), афзоиш ва инкишофи дурусти бадан ва пайдоиши ҳуҷайраҳои сурхи хунро дар кӯдакон, ки аз камхунӣ муҳофизат менамоянд, баланд бардорад. Инчунин, аз падару модарон даъват мешавад, ки дар ин маърака, ки бо сайъу кӯшиши кормандони соҳаи тандурустӣ гузаронида мешавад, фаъолона иштирок намуда, саҳми худро дар солимгардонии фарзандонашон гузоранд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






