СУХАНРОНИИ НАМОЯНДАИ ДОИМИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СММ
Душанбе, 22 июн. (АМИТ «Ховар», Фарангис Рахимова).- Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Миллали Муттаҳид Сироҷиддин Аслов 19 июн дар машварати бахшида ба истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия сухан ронда, зикр намуд, ки дар Тоҷикистон захираи чунин манбаъҳо хеле фаровонанд, вале онҳо ба қадри кифоя истифода бурда намешаванд. Сафири Тоҷикистон дар СММ изҳор намуд, ки мамлакатҳои мутараққӣ ва созмонҳои байналхалқӣ бояд ба мамлакатҳои рӯ ба инкишоф дар бобати дастрас намудани технологияҳои нави истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия кӯмак расонанд. Қайд карда шуд, ки Тоҷикистон мунтазам дар масъалаи таъминоти энергия ва қувваи барқ ба душвориҳо рӯ ба рӯ мегардад. Ҳол он ки захираи об ва қувваи барқ дар ҷумҳурӣ хеле зиёд буда, аз рӯи ҳисобҳои мутахассисон дар як сол 527 миллиард киловатт-соатро ташкил медиҳад. Арзиши аслии истеҳсоли он ҳам ниҳоят арзон аст. Вале бо сабаби афзоиши аҳолӣ, хушксолӣ, то рафт бештар маҳдуд гардидани масоҳати пиряхҳо ва истихроҷи ночизи захираҳои энергия Тоҷикистон хусусан фасли зимистон маҷбур аст, ки истифодаи қувваи барқро маҳдуд созад. Ба қавли С. Аслов, умуман захираи қувваи барқи дарёҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар ҳудуди ҳавзаи баҳри Арал нисбат ба эҳтиёҷоти имрӯзаи минтақа қариб се баробар зиёд аст. Вале имрӯз ин захираи бузург ҳамагӣ 10% истифода бурда мешаваду халос. Истифодаи қувваи офтоб эҳтиёҷоти мамлакатро аз 10 то 20% таъмин карда метавонад. Вале бо сабаби хеле гарон будани нархи коллекторҳои офтобӣ, ки аз хориҷа оварда мешаванд, захираҳои бузурги қувваи офтоб дар Тоҷикистон истифода бурда намешавад. Инчунин дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон барои истеҳсоли қувваи барқ аз қувваи шамол истифода бурдан мумкин аст. Ҳоло дар мамлакат ҳамагӣ 4 нерӯгоҳи барқии шамолӣ истифода бурда мешавад, ки аз хориҷи кишвар бо кӯмаки созмонҳои байналхалқӣ оварда шудааст. С. Аслов зикр намуд, ки аз хориҷа ворид сохтани чунин таҷҳизот хароҷоти хеле зиёдро талаб менамояд. Ба мақсад мувофиқ мебошад, ки чунин таҷҳизот бевосита дар дохили мамлакат сохта шаванд. С. Аслов хабар дод, ки имрӯз дар Тоҷикистон силсилаи ҳуҷҷатҳои қонунӣ ва меъёрӣ амал мекунанд. Онҳо роҳу усулҳои истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергияро ба низом медароранд. Ба қавли сафир, дар миқёси маҳаллӣ, миллӣ ва минтақавӣ муқаррар намудани роҳу воситаҳои дастгирӣ ва мавриди истифода қарор додани манбаъҳои барқароршавандаи энергия зарур мебошад. С. Аслов изҳори умед намуд, ки мамлакатҳои мутараққӣ дар ҳалли ин масъала ба мамлакатҳои рӯ ба инкишоф кӯмак хоҳанд расонд. Тарҷумон Қудратов А.