СУХАНРОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ Э. РАҲМОН ДАР МУЛОҚОТ БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ АШТ

Июнь 27, 2009 09:24

               Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Ашт,               Падарон ва модарон, бародарону хоҳарони азиз!               Ҳозирини гиромӣ!               Дар навбати аввал ба ҳамаи шумо ва кулли сокинони шарафманду сарбаланди ноҳияи Ашт барои пазироии самимӣ арзи сипосу миннатдорӣ менамоям ва он меҳру муҳаббатеро, ки нисбат ба мо зоҳир мекунед, ҳамчун нишонаи ҷонибдории шумо аз сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати мамлакат арзёбӣ менамоям.                Баъдан бо қаноатмандиву хушнудӣ аз мулоқоти имрӯза ҳамаи шумо ва хурду бузурги ноҳияро ба ифтихори ҷашни Ваҳдати миллӣ, ки чанд рӯз инҷониб 12-умин солгарди он дар вилояти Суғд бо иштироки намояндагони ҳамаи шаҳру ноҳияҳо таҷлил мегардад, табрику таҳният мегӯям.                Ваҳдати миллӣ ва дӯстии халқҳо омили муҳими сарҷамъии мардум ва асоси сулҳу суботи устувор дар кишвар мебошад, ки мо инро дар таърихи навини давлатдории мустақилонаи халқи худ ва аз таҷрибаи талхи ибтидои солҳои навадуми асри гузашта хеле хуб эҳсос мекунем.                Аз ин рӯ, ҳар як фарди бонангу номусе, ки халқу Ватани худро сидқан дӯст медораду аз давлату давлатдории миллати хеш ифтихор менамояд, бояд пеш аз ҳама ваҳдати миллиро чун арзиши бебаҳо қадр ва чун гавҳараки чашм ҳифз намояд.                 Фаромӯш набояд кард, ки оромии имрӯзаи ҷомеа ва тамоми пешрафту тараққиёти иқтисодиву иҷтимоии кишвари соҳибистиқлоламон аз баракати ваҳдати миллӣ ва сарҷамъии миллат аст. Ба шарофати ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботу устувор аст, ки дар қатори дигар минтақаҳои мамлакатамон дар ноҳияи шумо низ солҳои охир созандагиву бунёдкориҳо вусъат ёфта, зиндагии мардум тадриҷан ранги дигар мегирад.                 Мо бо мақсади фароҳам овардани шароити зарурӣ барои пешрафти иқтисодиву иҷтимоии шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла ноҳияи Ашт бо маблағҳои давлатӣ ва тибқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ки маблағи онҳо низ қарзи давлатӣ маҳсуб меёбад, солҳои охир вазъи иншооти таъиноти истеҳсоливу иҷтимоиро зина ба зина беҳтар гардонида истодаем.                 Дар ин замина ҳоло дар ноҳияи шумо 5 лоиҳа мавриди татбиқ қарор дорад ва дар доираи онҳо ҳоло барқарорсозии 7 шабакаи обрасонӣ ва иҷрои як силсила тадбирҳо доир ба рушди соҳаи кишоварзӣ, сохтмони 7 муассисаи тандурустӣ ва беҳбудии таъминоти муассисаҳои маорифу тандурустӣ бо лавозимоти зарурӣ идома дорад.                 Имрӯз дар ноҳия бинои навсохти шӯъбаи ноҳиявии "Агроинвестбонк", ки кори кишоварзонро хеле осон намуда, ба рушди истеҳсолоти соҳа мусоидат хоҳад кард, ба истифода дода шуд.                  Мо минбаъд низ кӯшиш менамоем, ки бо ҷалби маблағҳои давлатӣ, ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ ва сармоягузории хориҷӣ дар рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияҳои дурдасти мамлакат, аз ҷумла Ашт мусоидат намоем.                Бояд зикр кард, ки соҳибкорон ва дигар сокинони ҳимматбаланди ноҳия низ бо эҳсоси баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллиамон ва бо мақсади ободии диёр ва беҳбудии вазъи иҷтимоии мардум дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ саҳм мегузоранд.                   Бо маблағгузории онҳо соли равон дар мактаби таҳсилоти умумии № 10 4 синфхона барои 120 хонанда ва дар беморхонаи марказии ноҳия бинои иловагӣ барои 20 кати беморӣ сохта, ба истифода дода шуд, ки ин иқдоми онҳо боиси дастгирӣ ва қадрдонист.                    Бинобар ин, бо истифода аз фурсат ба ҳамаи онҳое, ки бо амалҳои хайрхоҳонаи худ дар чунин корҳои савоб иқдом намудаанд, миннатдории самимӣ изҳор менамоям.                  Дар мавриди рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии ноҳия мехостам зикр намоям, ки ҳоло дар он захираву имкониятҳо хеле зиёданд ва дар сурати истифодаи оқилона ва самарабахши онҳо иқтидори истеҳсолиро таҳким бахшида, сатҳ ва сифати зиндагии мардумро баланд бардоштан ва ободсозии ноҳияро таъмин кардан мумкин аст.                  Аз ҷумла дар ноҳия барои рушди зироаткорӣ, кишти сабзавоти барвақтӣ, боғу токпарварӣ ва чорводорӣ шароити хеле мусоид мавҷуд аст.                   Ҳоло дар ноҳия дар майдони 1200 гектар ғалладона ва 12 гектар сабзавоти барвақтӣ парвариш карда мешавад, вале бо дарназардошти имкониятҳои ноҳия ин рақамҳо дар масъалаи ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дар сатҳи устувор нигоҳ доштани нархҳои бозори истеъмолӣ ҳанӯз каманд.                    Соли ҷорӣ бинобар боришоти зиёд беш аз 1600 гектар пахта, 190 гектар ғалладона ва 120 гектар боғу токзори ноҳия зарар дид.                    Бо дарназардошти ин вазъият ва дар доираи имконият бояд кишоварзони ноҳия кишт ва парвариши дигар намуди зироатҳоро ҳарчи зудтар ба роҳ монда, ба афзун гардидани маҳсулоти кишоварзӣ ноил шаванд. Вақт ғанимат аст ва кӯшиш бояд кард, ки ягон ваҷаб замин холӣ намонад.                   Такроран таъкид месозам, ки барои ин дар ноҳия тамоми захираҳо мавҷуданд. Мо хуб медонем, ки ҳанӯз солҳои 80-уми асри гузашта заминҳои Ашти калон азхуд гардида буданд ва дар онҳо имконияти истеҳсол намудани то бист ҳазор тонна пахта мавҷуд аст. Вале чунон ки аз таҳлилҳо бармеояд, бинобар фаъолияти номунтазами пойгоҳҳои обкашӣ дар обёрии беш аз 25 ҳазор гектар замин мушкилот ба миён омадааст, ки сабаби асосии он сари вақт напардохтани ҳаққи оби истифодашуда аст.                    Имрӯз қарзи хоҷагиҳои кишоварзӣ дар назди идораҳои обрасонӣ қариб ба шашуним миллион сомонӣ расидааст.                    Аз ин рӯ, ба Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об супориш дода мешавад, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия масъалаҳои қарздории ҳам хоҷагиҳои кишоварзӣ ва ҳам идораи хоҷагии оби ноҳияро ҳаллу фасл карда, фаъолияти мӯътадили пойгоҳҳои обкаширо дар мавсими имсола пурра таъмин намоянд.                   Дар ноҳия ҳоло дар асоси Барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ зиёда аз 280 гектар боғ ва 11 гектар токзори нав бунёд карда шудааст, ки ин аз нишондоди барнома зиёд мебошад. Лекин ин корро боз ҳам идома додан зарур аст.                  Дар робита ба ин, боғдорону токпарварон бояд бештар ба парвариши меваҳои содиротӣ аҳамият диҳанд. Зеро дар хориҷи кишвар ба меваи Тоҷикистон харидор зиёд аст ва бо парваришу содироти онҳо мо ҳам иқтидори содиротии мамлакат ва ҳам сатҳи даромаднокии аҳолиро афзун хоҳем кард.                  Дар баробари ин, ба рушди соҳаи чорводорӣ ва ба роҳ мондани коркарди маҳсулоти чорво, ки солҳои охир дар ноҳия афзоиш ёфтааст, бояд аҳамияти зарурӣ дода шавад.                  Мо хуб медонем, ки сокинони ноҳия бо парвариши бузҳои хушзоти ангорӣ шӯҳрати дерина доранд.                   Солҳои пеш содироти пашми хушсифати ин чорворо, ки дар хориҷа талабгорони зиёд дорад, асосан чорводорони ноҳияи Ашт таъмин мекарданд. Дар шароити имрӯза бояд ин таҷриба эҳё ва густариш дода шавад.                   Аз ин рӯ, ба Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт супориш дода мешавад, ки дар бораи вусъати парвариши бузҳои ангорӣ тадбирҳои муассир андешанд.                  Бо мақсади рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ мо пешниҳоди қарзи бонкиро вазифаи муҳим ҳисобида, сол ба сол ҳаҷм ва теъдоди онро зиёд гардонида истодаем. Дар ин замина дар давоми ду соли охир аз тарафи бонкҳо ва ташкилотҳои қарздиҳӣ ба соҳибкорони ноҳия ба андозаи қариб 27миллион вадар чор моҳи соли равон зиёда аз 7 миллион сомонӣ қарз дода шудааст.                   Ба соҳибкорони ноҳия зарур аст, ки бо истифодаи самаранок аз қарзҳои бонкӣ пеш аз ҳама ба рушди соҳаҳои истеҳсолӣ суръат бахшанд ва дар айни замон баргардонидани қарзҳои гирифтаашонро сари вақт таъмин намоянд.                    Дар ноҳия имкониятҳои истеҳсолии корхонаҳои саноатӣ низ хеле васеъ аст, вале истифодаи онҳо ҳанӯз қонеъкунанда нест. Зеро аз корхонаҳои мавҷуда ҳарчанд ки баъзеи онҳо афзоиши истеҳсоли маҳсулотро таъмин кардаанд, вале як қатор коргоҳҳо ё аз фаъолият бозмондаанд ё иқтидорашон мавриди истифодаи пурра қарор надорад.                    Қарзи умумии истеъмолкунандагон аз нерӯи барқи истифодашуда то моҳи июни соли ҷорӣ зиёда аз 10 миллион сомониро ташкил карда, аз ибтидои сол қариб якуним миллион сомонӣ афзудааст.                    Пардохти ҳаққи қувваи барқ аз ҷониби аҳолӣ ҳамагӣ 52 фоиз таъмин шудааст, ки ин ташвишовар аст. Аз ин лиҳоз, мақомоту сохторҳои дахлдор ва дар навбати аввал мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вазифадоранд, ки доир ба ҳалли ин масъала, инчунин иҷрои Фармони Президенти мамлакат оид ба истифодаи сарфаҷӯёнаи барқ ва гузаштан ба лампаҳои каммасраф чораҳои қатъӣ ва саривақтӣ андешанд.                    Масъалаи гузариш ба истифодаи лампаҳои каммасрафи барқӣ бояд дар ноҳия чун дар дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат то моҳи октябри соли ҷорӣ ҳаллу фасл гардад.Яке аз масъалаҳои ҷиддие, ки ҳаллу фасли он вазифаи муҳими ҳам мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҳам бахши хусусист, ин таъсиси шумораи ҳарчи бештари ҷойҳои нави корӣ, таъминоти бекорон бо ҷойи кор ва паст кардани сатҳи муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад.                     Дар давоми панҷ моҳи соли ҷорӣ дар ноҳия ҳамагӣ 473 ҷойи нави корӣ ташкил гардида, 162 нафар бекорон бо кори доимӣ, 80 нафар бо корҳои ҷамъиятии музднок ва касбомӯзии 26 нафар ҷавонон таъмин карда шудааст, ки ин ҳанӯз қонеъкунанда нест. Зеро дар ноҳия то моҳи июни соли ҷорӣ расман зиёда аз ҳазор нафар корҷӯён ба қайд гирифта шудаанд.                    Бинобар ин, ба Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Ашт зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо ташкилоту муассисаҳои ҳам давлатӣ ва ҳам ҷамъиятиву хусусӣ дар бораи таъсиси ҷойҳои бештари корӣ ва таъминоти бекорон бо ҷойи кор чораҷӯӣ намоянд.                    Дар баробари ин, якҷо бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар бораи ҳарчи зудтар бартараф кардани оқибатҳои офатҳои табиие, ки моҳҳои охир боиси хароб гардидани иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ ва хонаҳои истиқоматии баъзе сокинони ноҳия шудаанд, тадбирҳои зарурӣ андешанд.                    Бояд гуфт, ки бо вуҷуди кӯшишҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат доир ба беҳбудии вазъи соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф, тандурустӣ ва фарҳанги ноҳия дар самтҳои зикршуда ҳанӯз камбудиву норасоиҳо зиёданд.                     Ҳодисаҳои мактабро тарк намудани омӯзгорон, нарасидани лавозимоти мактабӣ, баста шудани кӯдакистонҳо ва таъминоти нокифояи муассисаҳои тиббӣ бо мутахассисон боиси нигаронӣ мебошанд. Дар ноҳия ҳоло бо иқдоми Ҳукумати мамлакат сохтмони беморхонаи марказӣ ва ҳафт маркази саломатӣ пешбинӣ шудааст.                     Аз ин рӯ, ба Вазорати тандурустӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Ашт зарур аст, ки дар баробари ҳаллу фасли масъалаи таъминоти муассисаҳои тиббии ноҳия бо мутахассисони дахлдор, инчунин бунёди иншооти тиббиеро, ки ба нақша гирифта шудаанд, сари вақт таъмин намоянд.                    Вазъи ҷиноӣ низ дар ноҳия боиси ташвиш мебошад. Чунки дар давоми панҷ моҳи соли ҷорӣ дар қаламрави ноҳия ҷинояткорӣ қариб дуюним маротиба, аз ҷумла ҷиноятҳои вазнин ҳаштуним маротиба зиёд шудааст. Дар ин муддат дар ноҳия 19 ҷинояти вазнин содир гардидааст.                     Бинобар ин, ба Прокуратураи генералӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ зарур аст, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Ашт дар бораи тақвияти фаъолияти мақомоти маҳаллии худ дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткориву қонуншиканиҳо тадбирҳои ҷиддӣ андешанд.                    Бояд хотирнишон сохт, ки тамоми пешрафту муваффақиятҳои мо, суботи устувор ва сатҳи амнияти ҷомеа аз волоияти қонун ва риояи тартиботи ҷамъиятӣ вобаста аст.                     Зеро риояи бечунучарои қонуният асоси давлатдорист. Аз ин рӯ, ҳар фарде, ки аз давлати соҳибистиқлоли худ ифтихор мекунад ва халқу Ватани хешро дӯст медорад, бояд пеш аз ҳама ба қонунҳои давлат риоя ва итоат намояд.                   Мо имсол понздаҳумин солгарди қабули Конститутсияи давлати соҳибистиқлоламон, Соли бузургдошти пешвои мазҳабамон Имоми Аъзам ва соли 2011-ум 20-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизамонро таҷлил менамоем. Ин ҷашну санаҳои бузург барои халқу давлати мо аҳамияти муҳими таърихӣ ва миллӣ доранд. Аз ин рӯ, бояд ҳар як кору амал ва ҳар иқдоми мо ба ифтихори ин санаҳои муборак анҷом дода шавад. Рисолати фарзандии ҳар фарди худогоҳу худшинос дар марҳалаи созандагиву бунёдкориҳо ободсозии Ватани худ аст.                    Ободии Ватан аз ободсозии як гӯшаи диёри худ, кӯча, хонаву ҳавлии худ оғоз меёбад ва дар ин самт ба ҳамаи шумо барори кор орзумандам.                   Дар охир бори дигар ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ табрик намуда, бароятон рӯзгори хушу осуда ва хонаободиву сарбаландӣ таманно дорам.                  Саломат бошед!  

Июнь 27, 2009 09:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи таълимию таҷрибавии «Хуррамзамин» боғи интенсивӣ бунёд мешавад
Аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук дар Душанбе муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ пешгирӣ карда шуд
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 14 намоиш гузаронида шуд
Ҳавопаймои «Azerbaijan Airlines» дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард
Дар Душанбе масъалаи ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони маъюб баррасӣ шуд
«Рақам» барои Суғд. Чӣ тавр МегаФон Тоҷикистон интернети мобилиро дар минтақа рушд медиҳад?
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба 100-солагии мунаққиди тоҷик Соҳиб Табаров ҳамоиш баргузор шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон соҳиби 15 техникаи вазнин барои корҳои наҷот гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Роҳи деҳаи Сари Чашмаи ноҳияи Файзобод мумфарш карда шуд
Аёдати беморон ва дидорбинии собиқадорон амали хайр аст