ТАҶЛИЛИ 100-СОЛАГИИ РАҲИМ ҶАЛИЛ
Душанбе, 2 июн. (АМИТ «Ховар», Лютфия Эшонқулова).- 3 июн дар Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ бахшида ба 100-солагии рӯзи таваллуди нависандаи маъруфи тоҷик Раҳим Ҷалил ҷамъомади ботантана баргузор мегардад. Муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагон Абдулҳамид Самадов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки ба ин ҷамъомад намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ, нависандагону шоирон, дӯстону шогирдон ва аҳли хонаводаи Раҳим Ҷалил даъват шудаанд. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки Раҳим Ҷалил Нависандаи халқии Тоҷикистон ва муаллифи асарҳои сершумор мебошад. Асарҳои ӯ ба бисёр забонҳои халқҳои гуногун тарҷума шудаанд. Аз ҷумла романи «Одамони ҷовид», романи «Шӯроб» ва ғайра имрӯз ҳам дар байни хонандагон маълуму машҳуранд. Раҳим Ҷалил аз ҷумлаи нависандагонест, ки дар адабиёти тоҷик симои нави бунёдкорони ҷомеаи сотсиалистиро ба риштаи тасвир кашидааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






