ТАШРИФИ КАРДИОЛОГИ ИТОЛИЁВӢ БА ДУШАНБЕ

Июнь 17, 2009 13:39

                 Душанбе, 17 июн. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Дар доираи лоиҳаи минтақавии Оҷонсии байналмиллалӣ оид ба энергияи атомӣ (МАГАТЭ) директори озмоишгоҳи клиникаи донишгоҳи шаҳри Удинеи Италия, кардиолог Гулиелмо Бернарди ба ҷумҳурии мо ташриф овард.                  Тавре аз маркази матбуоти Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҳадафи асосии ин ташриф расонидани кӯмаки амалӣ оид ба беҳгардонии муҳофизати беморон ва кормандони тиббӣ аз таъсири нурҳои ионӣ мебошад.                  Ҳамчунин ҷаноби Бернарди барои мутахассисони соҳаи рентгенологияи тоҷик якчанд маърӯзаҳо хоҳад хонд. Масъалаҳои мубрами бехатарии радиатсионӣ ба монанди: таъсири нурҳои ионӣ ба организми инсон, нургирии кормандони тиббӣ ва воситаҳои муҳофизатӣ, муқаррароти меъёрҳои нургирии табобатгирандагон ва ғайра муҳокима карда мешаванд.                  Илова бар ин, аз ҷониби мутахассисони соҳаи ренгенология ва радиатсияи Тоҷикистон дар мавзӯъҳои «Санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муҳофизати радиатсионӣ», «Муҳофизати радиатсионии табобатгирандагон», «Вазъи муҳофизати радиатсионӣ ҳангоми амалиётҳои интервентсионӣ» намоишҳо пешниҳод карда мешаванд.                  Бояд қайд намуд, ки сафари кории Гулиелмо Бернарди то 20 июни соли ҷорӣ давом хоҳад кард.  

Июнь 17, 2009 13:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад