ТЕЪДОДИ ДОНИШҶӮЁНИ АФҒОНӢ ДАР МАКТБАҲОИ ОЛИИ ҶТ МЕАФЗОЯД

Июнь 4, 2009 09:31

            Душанбе, 4 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Масъалаҳои тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи ду кишвари ҳамҷавор — Тоҷикистон ва Афғонистон зимни мулоқоти вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов ва Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмуҳаммад Хайрхоҳ дар Душанбе баррасӣ гардид.                 Мусоҳибон тавсеаи ҳамкории самарабахшро дар соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки пешрафти кишварҳо арзёбӣ карда, нуқтаи назари худро доир ба низоми босуботи таҳсили шаҳрвандони Афғонистон тибқи бурсияҳо дар муассисаҳои олии касбии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2010 баён доштанд. Ҳамзамон масъалаҳои расонидани ёрӣ ба муассисаҳои олии касбии Афғонистон барои ташкили шӯъбаҳои магистрӣ ва истифодаи таҷрибаи устодони тоҷик дар ин раванд, таҳсили шаҳрвандони афғон дар аспирантура ва докторантураи муассисаҳои олии касбии Тоҷикистон, густариш ва тақвияти ҳамкории муассисаҳои олии касбии Тоҷикистон ва Афғонистон, ба касбомӯзӣ ҷалб намудани шаҳрвандони афғонӣ дар омӯзишгоҳҳои касбию техникии Тоҷикистон дар маркази таваҷҷӯҳи вазири маорифи Тоҷикистон ва дипломати афғон қарор доштанд.                   Тибқи иттилоъи сардори маркази матбуоти Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Ноилшо Нуралиев, дар мулоқот ҳамзамон низоми таҳсил ва таъмини сифати таълим дар мактаби «Сомониён»-и шаҳри Душанбе, ки дар он талабаҳои афғон таҳсил менамоянд, баррасӣ гардид.                  Бояд зирк кард, ки алҳол дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии Тоҷикистон беш аз 150 шаҳрванди Афғонистон таҳсилу фаъолият менамоянд.

Июнь 4, 2009 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд