«ТОҶИКСУҒУРТА» — МАҚОМИ ДАСТГИР ДАР ҲОЛАТҲОИ ИЗТИРОРӢ

Июнь 3, 2009 11:55

                 Душанбе, 3 июн. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Кормандони Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон «Тоҷиксуғурта» дар 4-моҳи соли равон баҳри иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 апрели соли 2009 баён гардиданд, тадбирҳои мушаххас андешида, корхои зиёдеро ба сомон расониданд.                   Дар 4 моҳи соли равон ба шаҳрвандони молу амволашон нобуд ва ё зарадида, инчунин ба ҳаёту саломатиашон осеб расида 2416,5 ҳазор сомонӣ кӯмак карда шуд, ки нисбат ба 4 моҳи соли гузашта 775,2 ҳазор сомонӣ, ё 47,2 фоиз бештар мебошад.                   Дар ин муддат ба шаҳрвандони зарардида аз офатҳои табиӣ, ки шартномаи суғуртавӣ доштанд то 18-уми майи соли 2009-ум 382763 сомонӣ талофии суғуртавӣ хақгузорӣ карда шуд. Аз ҷумла, ба зарардидагони ноҳияҳои тобеи марказ 4758 сомонӣ, вилояти Хатлон 365296 сомонӣ ва вилояти Суғд 12709 сомонӣ. Бояд қайд кард, ки зарардидагони офати табиӣ дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ба андозаи 67,4 ҳазор сомонӣ таъҷилан аз суратҳисоби марказии «Тоҷиксуғурта» талофии суғуртавӣ гирифтанд. Ба буҷети ҷумҳурӣ дар 4 моҳи соли равон 1 миллиону 540 ҳазор сомонӣ андоз пардохт карда шуд, ки 748 ҳазор сомониаш пардохтҳои суғуртаи иҷтимоӣ мебошад.                   Бо мақсади ҳиссагузорӣ дар стратегияи паст намудани сатҳи камбизоатӣ аз ҳисоби фоидаи ба даст овардаи Ширкат ба ашхоси барҷомонда, бепарастор ва эҳтиёҷманд дар ин муддат ба андозаи 293 ҳазор сомонӣ кӯмаки молиявӣ расонида шуд. Аз ҷумла, ба 87 хоҷагии шаҳрвандони аз офатҳои табиӣ зарардидаи ноҳияи Хуросон 240 ҳазор сомонӣ кӯмаки молиявии яквақтаина расонда шуд. Инчунин, «Тоҷиксуғурта» тасмим гирифтааст, ки 3 хонаи истиқоматии чорҳуҷрадор дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин сохта, ба ин зарардидагон тақдим намояд. Ҳоло сохтмони ин хонаҳо идома дорад.                   Ширкати «Тоҷиксуғурта» ҷиҳати амалӣ намудани супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар паёмашон омадааст нақша-чорабинӣ таҳия намуда, барои иҷро ба зерсохторҳои худ фиристод ва иҷрои онро зери назорати қатъӣ гирифтааст.                   Ширкат баҳри иҷрои Фармони Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24-уми апрели соли 2009 «Дар бораи тадбирҳои иловагии сарфаҷуёнаи энергия бо мақсади ҳисса гузоштан дар амалӣ шудани барномаи таъмини фаъолияти мунтазам ва самараноки соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар да враи тирамоҳу зимистони солҳои 2009 — 2010, ҷиҳати пешгирии талафоти нерӯи барқ» дар тамоми соҳа то 4 майи соли ҷорӣ пурра ба истифодаи фурӯзонакҳои каммасрафи барқӣ гузаштанд, яъне ба ҷои 1095 дона лампаҳои тафсони дорои ғунҷоиши 96000 ватт, ба ҳамин миқдор фурӯзонакҳои каммасраф бо ғунҷоиши 20342 ватт иваз карда шуданд, ки ин масрафи барқро 4,7 маротиба кам мекунад.                    Инчунин ҷиҳати дастгирӣ ва кӯмак ба мактаб-интернати ятимону бепарасторони деҳаи Аралии ноҳияи Восеъ, ки бо тибқи Амри Президенти ҷумҳурӣ №АП-467 аз 12 январи соли 2008 сарпарастии онро ба ӯҳда дорем, бахшида ба Иди Ғалаба ба миқдори 112 дона фурӯзонакҳои каммасраф тақдим намудем.                    Кормандони соҳа бо мақсади беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти суғуртавӣ ва баланд бардоштани маданияти хизматрасонӣ ба суғурташавандагон дар пайи омӯзиш ва ҷустуҷӯи усулҳои нав мебошанд, қоидаву дастурамалҳои намудҳои мушаххаси сугуртаро дар мавридҳои зарурӣ такмил дода, ба онҳо тағироту иловаҳо ворид менамоянд.  

Июнь 3, 2009 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд