ТУННЕЛИ ШАҲРИСТОН ПЕШ АЗ МЎҲЛАТ БА ИСТИФОДА ДОДА МЕШАВАД
Душанбе, 10 июн. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Аз муассисаи давлатии «Маркази иҷрои барномаи сохтмони роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ» ба АМИТ «Ховар» хабр доданд, ки туннели Шаҳристон пеш аз мӯҳлати муқарраршуда ба истифода дода хоҳад шуд. Айни ҳол дар ин ҷо ба дарозии 3 ҳазору 124 метр нақб канда шуд. Дарозии туннели ҳавокашӣ 3 ҳазору 248 метрро ташкил медиҳад. Дарозии умумии туннел 5 километру 253 метр мебошад. Барои сохтмони он 297 миллион доллари ИМА ҷудо карда шудааст. Аз ин маблағ 14 миллиону 795 ҳазор доллар саҳми Ҳукумати Тоҷикистон ва маблағи боқимонда қарзи Бонки иқтисодии Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






