УЗВИ ҲИЗБИ ТАҲРИР ДАСТГИР ШУД
Душанбе, 4 июн. (АМИТ «Ховар», Наталья Михайловна).- Кормандони шӯъбаи минтақавии мубориза ба муқобили ҷинояткории муташаккилонаи вилояти Суғд 3 июн боз як узви Ҳизби манъшудаи таҳрирро дастгир намуданд. Ў Акрам Усмонови 27 -сола мебошад. Акрам Усмонов аз соли 2004 яке аз аъзоёни фаъоли Ҳизби таҳрир буда, варақаҳо ва адабиёти ташвиқотию тарғиботии диниро дар байни аҳолӣ паҳн намуда, одамонро ба ҷиҳод даъват мекард. Зимни кофтукови мошини шахсии А. Усмонов китоби «Низоми исломӣ» ёфт шуд, ки мазмуну мундариҷаи динии моҷароҷӯёна ва иғвогарона дорад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар Тоҷикистон аз авали соли равон то имрӯз 15 узви Ҳизби таҳрир дастгир карда шуд. Аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки нисбати А. Усмонов парвандаи ҷиноӣ кушода шуд ва тафтиши дафтари аъмоли ӯ давом дорад. Тарҷумон Қудратов А.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






