ВАҚТИ ҲУНАР АСТУ САРФАРОЗИСТ

Июнь 8, 2009 15:14

                 «Дастгирии соҳибкории хурду миёна яке аз самтҳои асосии сиёсати иқтисодии давлати мост»              Чунин зикр карда буд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 апрели соли 2009.               Воқеан, рушди соҳибкорӣ дар кишвар яке аз самтҳои асосии сиёсати иқтисодии пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҷиҳати татбиқи он чораҳои мушаххаси самарабахш андешида мешавад. Фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузорӣ, аз байн бурдани санҷишҳои беасос дар субъектҳои соҳибкории хурду миёна, ба роҳ мондани принсипи «Равзанаи ягона» ҷиҳати бақайдгирӣ ва иҷозатномадиҳӣ барои дар муддати кӯтоҳтарин ба фаъолият шурӯъ кардани соҳибкорон ва тоҷирон аз қадамҳои муҳим ва тадбирҳои судманди андешидаи Роҳбарият ва Ҳукумати мамлакат аст. Муҳайё намудани шароити зарурӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат то чӣ андоза ба рушди соҳибкории хурду миёна дар кишвар мусоидат менамояд. Бо ин ва дигар саволҳо мусоҳибае оростаем бо директори Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Тоҷик Кристал» Умед Абдураҳмонов.                Умед Бароталиевич қаблан мегуфтед, ки ҳадаф аз таъсиси корхонаи заргарии «Тоҷик Кристалл» дар чӣ буд?                 Бояд тазаккур дод, ки Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Тоҷик Кристал» соли 2002 ташкил карда шуда, ба истеҳсол ва хариду фурӯши маҳсулоти заргарии аз тилло ва нуқра истеҳсолкардашуда, сару кор дорад. Ҳадафу нияти мо низ ягона аст. Ин ҳам бошад, саҳм гузоштан дар рушди иқтисодиёти миллии кишвар. «Тоҷик Кристал» дар давоми 8 соли собиқаи фаъолияти худ тавонистааст дар эҳё ва рушди ҳунари заргарӣ дар кишвар саҳми муносиб гузошта, бо маҳсулоти истеҳсолнамудаи худ дар байни мардуми кишвар, хусусан бонувон, мақоми шоистаеро касб намояд. Асосан ҷавоҳироте, ки мо тайёр мекунем, ашёи хоми дохилӣ истифода мешавад.                Дар ширкати мо асосан намудҳои ҷавоҳироти миллӣ — тоҷикӣ ва аврупоӣ низ истеҳсол карда мешавад. Вақтҳои охир бо назардошти талабот ва эҳтиёҷоти муштариён, мо навъҳои муосиру гуногуни ҷавоҳиротро бо истифода аз усулҳои миллӣ ва аврупоӣ ба роҳ мондем. Яъне хусусиятҳои хоси намуди ҷавоҳироти миллиро бо аврупоӣ омезиш дода, як навъи муосири ҷавоҳирот офаридем, ки ба ҷавонон басо писанд аст.               Дар офариниши шаклҳои муосири ҷавоҳирот ва омезиши тарҳҳои қадимаи миллӣ бо аврупоӣ кӣ ба Шумо кӯмак мерасонад?              Дар ин самт мутахассисони варзида, ки дорои собиқаи калони ҳунари заргарӣ мебошанд кӯмак мерасонанд. Ин мутахассисон баъзеашон аз авлоду гузаштагони худ ҳунари заргариро пеша кардаанд. Шаклҳои гуногуни қадимаи заргариро эҳё намуда, онро густариш медиҳанд. Баъзе заргарони мо ба хориҷи кишвар, аз ҷумла ба Туркия рафта, дар он ҷо таҷриба андӯхта, дар навбати худ боз таҷҳизот ворид намудаанд.              Таҷҳизоту дастгоҳҳои заргариро аслан аз кадом кишварҳо ворид сохтаед?               Асосан аз Туркия, Олмон, Чин, Русия ва дигар давлатҳои мутараққии дунё ворид сохтаем. Баъзе дастгоҳҳо аз давраи Шуравӣ боқӣ мондааст, ки онҳо низ истифода мешаванд.                Муштариёни бештари маҳсулоти «Тоҷик Кристал» киҳо ҳастанд?                 Аслан сокинони худи ҷумҳурӣ мебошанд.                Маҳсулоти «Тоҷик Кристал» ба хориҷи кишвар содир карда мешавад?                 Маҳсулоти «Тоҷик Кристал» танҳо дар дохили ҷумҳурӣ ба фурӯш гузошта мешавад. Маркази фурӯши маҳсулоти ширкат, ки дар шаҳри Душанбе воқеъ аст, дар он ҷавоҳиротро ба фурӯш мегузорем.Инчунин, таъмири ҷавоҳиротро ба роҳ гузоштаем.                 Дар оянда чӣ нақшаҳо доред?                 Ниятҳои зиёде дорем. Яке аз онҳо ташкили мағозаҳо ва дӯконҳои ширкат дар минтақаҳои ҷумҳурӣ мебошад. Барои амалӣ намудани ин мақсадҳо албатта маблағи калон даркор. Новобаста ба таъсири бӯҳрони молиявӣ саъю талош менамоем, ки ниятҳои неки худро амалӣ гардонем. Новобаста ба мушкилоти вазъи бӯҳрони молиявӣ маҳсулоти аз тилло тайёр кардашуда, мавқеи худро гум намекунад. Зеро таърихи инсоният шоҳид аст, ки бо гузашти ҳазорсолаҳо тилло арзишу қиммати худро аз даст надодааст ва ҳамчун маҳсулоти олӣ устувор боқӣ мондааст. Зеро дар ин муддат қурби асъори миллӣ — сомонӣ ва дигар асъори хориҷӣ боло рафтанд, вале дар бозори ҷаҳонӣ маҳсулоти тилловорӣ ҳамчун маҳсулоти боэътимод боқӣ мондааст. Аз ин рӯ, мардум бештар кӯшиш менамоянд, ки маҳсулоти аз тилло сохташуда харидорӣ намоянд.                 — Мегуфтед, ки оё маҳсулоти «Тоҷик Кристал» дар намоишгоҳҳои байналмилалии кишварҳои дунё ба маърази тамошо гузошта шудааст?                 Маҳсулоти «Тоҷик Кристал» дар намоишгоҳи байналмилалие, ки дар соли 2005 дар шаҳри Истанбули Туркия доир гардид, ба намоиш гузошта шуда буд. Инчунин, дар намоишгоҳҳое, ки дар дохили ҷумҳурӣ ташкил карда мешаванд маҳсулоти «Тоҷик Кристал» ба намоиш ва фурӯш гузошта мешавад.                 Бояд як нуктаро зикр намуд, ки дар мавриди иштирок дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ мушкилот вуҷуд дорад. Зеро, ки аз дохили ҷумҳурӣ маҳсулоти тилловориро ба хориҷа баровардан проблема аст. Аз ин рӯ, мо наметавонем дар ҳар як намоишгоҳи байналмилӣ иштирок намоем.                 Арзиши ҷавоҳироти истеҳсолнамудаи «Тоҷик Кристал» дар қиёс ба дигар маҳсулоте, ки дар корхонаҳои дигари заргарӣ истеҳсол мешаванд, дар кадом сатҳ ва ҷавобгӯи стандартҳои байналмилалӣ аст?                 Арзиши ҷавоҳироте, ки ширкати мо истеҳсол менамояд, дар қиёс бо дигар ширкатҳои заргарӣ ва маҳсулоте, ки аз хориҷи кишвар ворид мегардад рақобатпазир буда, ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ аст. Зеро дар ҷумҳурӣ аксар маврид заргарҳо маҳсулоти истеҳсолнамудаи худро ба мағозаҳо месупоранд ва соҳиби мағозаҳо дар болои он маҳсулот боз маблағи фоидаи худро мегузоранд аз ин мағозаҳо боз шахсони алоҳида ҷавоҳиротро гирифта мефурӯшанд, ки онҳо низ боз дар болояш маблағи муайянеро зам мекунанд. Ҳамин тавр маҳсулот аз даст ба даст гузашта нархаш баланд мегардад. Маҳсулоти истеҳсолнамудаи «Тоҷик Кристал» дар мағозае, ки дорем онҳоро ба фурӯш мегузорем ва нархаш дар қиёс ба дигар маҳсулоти корхонаҳои заргарӣ арзонтар аст.                Чанде пеш Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чораҳои ҳифзи манфиатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди савдои хориҷии мол» қабул шуд. Назари  Шумо ба ин қонун чӣ гуна аст?                 Ин иқдоми хуб аст ва мо онро дастгирӣ менамоем. Аммо ба истеҳсолкунадгони Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд қарзи имтиёзнок дода шавад. Мо аслан қарзҳоро аз бонкҳои хусусӣ мегирем бо фоизи баланд. Хуб мешуд, ки давлат барои рушди соҳибкорӣ карзҳои имтиёзноки дарозмуддат медод, дар ин сурат ҳам соҳибкорӣ ва иқтисодиёти кишвар рушд меёфт. Ҷойҳои нави корӣ тавлид мешуд, молистеҳсолкунадагон натанҳо ба бозори дохилӣ балки ба хориҷи кишвар молҳои худро ба фурӯш мебароварданд.                  Ба корхонаи «Тоҷик Кристал» бештар чӣ гуна мутахассисон ва заргарон ҷалб гардидаанд?                   Асосан кормандони «Тоҷик Кристал», ки теъдодашон 25 нафарро ташкил медиҳанд,ҷавононанд, зеҳни хуб ва истеъдоди бузурги офаридани ҷавоҳиротро доранд. Дар давоми 6 моҳ онҳо курсҳои махсус ва таҷриба мегузаранд ва баъди таҷрибаомӯзӣ ба кор шурӯъ мекунанд.                 Ашёи хомро аз куҷо дастрас менамоед?                 Маҳсулоти хом, яъне тиллоро аз дохили ҷумҳурӣ аз корхонаи «Апрелевка» харидорӣ менамоем.                 Ҷавоҳироте, ки дар ширкати «Тоҷик Кристал» истеҳсол карда мешавад мӯҳраш афзалият дорад. Мӯҳри аз ҳама баланд дар дунё 999 аст. Ҷавоҳироти тиллоие, ки дар «Тоҷик Кристал» тайёр карда мешавад, асосан мӯҳри 585 ва 583 ва 750 низ тайёр карда мешавад.                 Маҳсулоти нуқрагие, ки дар мағозаи ширкат ба фурӯш гузошта шудааст, истеҳсоли худи «Тоҷик Кристал» ва баъзеашро аз хориҷи кишвар ворид месозем.Ҳар як кор бе мушкилот пеш намеравад. Ба фаъолияти «Тоҷик Кристал» кадом проблемаҳо халал мерасонанд?                 Воқеан кор бе проблема намешавад. Якчанд сол муқаддам мушкилоти зиёде буд, ҳар рӯз қариб фаъолияти ширкатро сохторҳои гуногун тафтиши пай дар пай мекарданд.  Вақт намешуд, ки фикри пешрафту истеҳсолотро ҳам намоем. Бо Фармони Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи июли соли 2008 нисбати тафтиши корхона ва фаъолияти соҳибкорон муддати ду сол мораторияи эълон карда шуд. Ин бисёр дастгирии хуб буд дар роҳи рушди соҳибкорӣ дар мамлакат. Зеро дар сурате, ки дар давоми як сол аз даҳ мақомот ба тафтишкунӣ оянд ҳар яки онҳо ба муддати се то панҷ рӯз давом мекард. Ва агар давоми як сол агар 20 маротиба тафтиш гузаронанд ду моҳи кориро банд мекунанд. Дар ин маврид роҳбарияти корхона ва шахсони масъул ба ин корҳо банд мешаванд.                  Дар мавриди тафтиши корхонаҳои истеҳсолӣ аз ҷониби сохторҳо ду сол моратория эълон карда шудааст. Дар ин муддат оё «Тоҷик Кристал» ба комёбии назаррас ноил гардид?                 Бале, истеҳсол зиёдтард шуд. Теъдоди кормандон зиёд гардиданд. Нақшаҳо иҷро шуда истодааст.                  Инчунин, ният дорем, ки маҷалла -каталог таҳти унвони «Ҷавоҳирот» чоп намоем.Ба чӣ бахшида мешавад ин маҷалла?                 Чуноне, ки дар бархе аз кишварҳои хориҷа мушоҳида кардам дар ҳар як ширкати маҳсулоти заргарӣ истеҳсолнамуда, моли худро барои муаррифӣ рақамгузорӣ менамояд, тартиби муайяни чанд намуд маҳсулот истеҳсол менамояд нархаш чанд, аз кадом навъи ашё сохта шудааст, сифаташ чӣ гуна аст, мӯҳраш чанд аст ва ғайра ба тартиб дар як гӯша ҷо дода мешаванд. Мо низ мехоҳем ин кори ҳамкасбони худро ҳамчун таҷрибаи пешрафта барои муаррифии маҳсулоти заргарии Тоҷикистон ба роҳ монем.                «Тоҷик Кристал» чанд намуди ҷавоҳирот истеҳсол менамояд?                 Дар «Тоҷик Кристал» беш аз 1000 намуди ҷавоҳирот истеҳсол мегарадад.Бо ҷавонии худ нигоҳ накарда роҳбарии чунин як ширкати муҳимро ба ӯҳда доред. Зеро фаъолият дар ин соҳа ҷуръат ва масъулиятшиносиро тақозо менамояд. Аз мушкилоти кор намеҳаросед?                 Албатта, фаъолият дар ин соҳа масъулияти баландро талаб менамояд ва ба ман дар ин кор бародарам ва кормандон кӯмак мерасонанд ва ҳама гуна мушкилот бартараф мегардад. Зеро вақте, ки инсон дар назди худ мақсад мегузорад, дилҳоҳ проблема паси сар мешавад ва ба комёбӣ ноил мегардад.                Умед пешаатон заргарист?                Бале, касбам заргарист. Муддати беш аз 10 сол аст, ки бо ин ҳунар машғулам.Ҳунари заргарӣ аз бобокалонҳоятон мерос омадагӣ?                Бале, қабл аз даврони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ авлодамон- бобокалонҳоямон ба ҳунари заргарӣ, ки касби пурфитихор аст, сару кор доштанд ва ба мо ин ҳунар мерос боқӣ мондааст.                 Эҳёи ҳунарҳои миллӣ, бахусус ҳунари заргарӣ ва аз рӯи он нон хӯрдан ва зиндагии шарафмандона доштан барои хар як инсон шараф аст. Назари Шумо ба он ҷавононе, ки ба камол расидаанду касби муайян надоранд чӣ гуна аст?                То ҷое мусаллам аст, шахсиятҳои бузурги хирадманд фармудаанд, ки барои як ҷавонмард чил ҳунар кам аст. Ё худ ба ибораи шоири бузург Низомии Ганҷавӣ :                 Ғофил манишин, ки вақти бозист.                 Вақти ҳунару асту сарфарозист.                Дониш талабу бузургӣ омӯз,                То беҳ нигарад рӯзат аз рӯз.                Аз ин рӯ, ман ба ҷавонон гуфтаниям, ки вақти худро ба корҳои беҳуда сарф накунанд, ба омӯзишу аз худ намудани касбу ҳунари гуногуни аҷдодӣ машғул шаванд, бахусус ҳунарҳои қадимаи бобоёни мо кандакорӣ, меъморӣ, заргарӣ, дуредгарӣ, оҳангарӣ, кулолгарӣ, сабадбофӣ, ҳавлопазӣ, ва ғайраҳо. Зеро аз рӯи ҳунар зиндагӣ кардан барои ҳар як инсон шараф ва давлати бузург аст. Ман вақте, ки дар баъзе кишварҳои хориҷӣ ба монанди Афғонистон, Эрон ва Туркия будам, дидам, ки дар ин кишварҳо маҳаллаҳои махсуси ҳунармандон фаъолият мекунанд. Дар онҳо аз рӯи ҳунарҳои гуногун ҳазорҳо нафар одамон зиндагиашонро пеш мебаранд. Масалан, дар шаҳри Исфаҳони Эрон як маркази бузурги ҳунарист, ки дорои беш аз 1000 дӯкон аст. Дар он ҷо ҳар як ҳунарманд маҳсули ҳунари худро ба фурӯш мебарорад. Маҳсулоти онҳоро асосан сайёҳоне, ки ба тамошои ин шаҳри қадимаи таърихӣ меоянд, харидорӣ мекунанд. Ман умед дорам, ки дар Тоҷикистони мо низ, ки диёри устоҳои забардасту чирадаст аст, чунин марказҳои фурӯши маҳсулоти мардумӣ ташкил карда мешуд, то ки ҳунармандон маҳсулоти худро ба намоиш ва фурӯш мегузоштанд. Зеро тӯли солҳои охир ба кишвари мо, ки дорои табиати зебо, манзараҳои ҷолиб ва ёдгориҳои беназири таърихӣ аст теъдоди сайёҳони хориҷӣ меафзояд. Аз ташкили чунин марказҳо мардуми мо бурд мекунанд. Яъне соҳиби ҷойи кор мешаванд. Бо фурӯхтани маҳсулоти ҳунармандӣ зиндагиашонро таъмин намуда, вазъи иҷтимоии оилаашон беҳтар шуда, буҷаи кишвар низ ғанӣ гардида, кишварамон пешрафт ва шукуфо мегардад.             Ташаккур барои сӯҳбати самимӣ.             Мусоҳиб Марзия Саидова, хабарнигори АМИТ «Ховар»  

Июнь 8, 2009 15:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба тайёр намудани мутахассисони касбӣ ва омӯзиши фанҳои дақиқ машварати илмӣ баргузор гардид
Туҳфаи Президенти Тоҷикистон ба иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ супорида шуд
Дар Норак бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо сарбозон вохӯрӣ доир шуд
Маҳмадсолеҳ Қосимов: «Ҳар қадаре заминро оқилонаю самаранок истифода барем, ҳамон қадар баракаташро мебинем»
Вакили Маҷлиси намояндагон иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонро дар шаҳри Ҳисор аёдат намуд
Дар Хуҷанд байни духтарон мусобиқаи дӯстонаи футбол баргузор гардид
Дар Файзобод оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо дар самти истифодаи қувваи барқ вохӯрӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Дар вилояти Хатлон иқдоми ҳизбии «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст» баргузор гардид
Масъалаҳои ташаккул ва рушди иқтисодиёти «сабз» дар шароити саноатикунонӣ баррасӣ карда шуданд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Бодиринг аз витаминҳои C ва K, минералҳои калий, магний ва антиоксидантҳо бой мебошад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат дар назар аст