ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ БА «ИНТЕРПОЛ» МУРОҶИАТ НАМУД
Душанбе, 23 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои идораи гумруки вилояти Хатлон, шаҳрванди афғон Абдулвоҳид Ғуломҷон ҳангоми аз постгоҳи «Панҷи Поён» бо худ бурдани 6 адад осори заргарии нуқрагин, ки арзиши таърихию фарҳангӣ доранд, дастгир шудааст. Бино ба гуфти котиби матбуотии идораи гумруки вилояти Хатлон ин ашёҳо ба рӯйхати осоре ворид мешаванд, ки аз Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварданашон манъ карда шудааст. Танҳо соли ҷорӣ аз постгоҳҳои гумрукии «Панҷи Поён» ва «Турсунзода» беш аз 100 кӯшиши қочоқи осори таърихию фарҳангӣ пешгирӣ шудааст. Вазорати фарҳанг аз тариқи «Интерпол» мусаввараҳои нобудшударо, ки аз осорхонаҳои Тоҷикистон рабуда шудаанд, ҷустуҷӯ мекунад.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






