ВАЗОРАТИ МУДОФИА ВА АГЕНТИИ НАЗОРАТИ МАВОДИ НАШЪАОВАР МУСОБИҚАИ ТАН БА ТАН ГУЗАРОНИДАНД
Душанбе, 22 июн. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- 21 июн дар доираи марафони «10 соли мубориза бар зидди нашъамандӣ», дар бинои Сирки давлатӣ мусобиқаи варзишии ҷузъу томҳои қисмҳои таъиноти махсуси Вазорати мудофиаи ҶТ ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ баргузор гардид. Мусобиқаи мазкур ба 10 — солагии таъсисёбии АНМН ва Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди нашъамандӣ бахшида шуда, таҳти шиори «Мубориза ба муқобили терроризм, нашъамандӣ ва паҳншавии ВИЧ-СПИД» гузаронида шуд. Хизматчиёни ҳарбӣ дар ин ҷо аз рӯи намуди ҷанги тан ба тан қувваозмоӣ карданд. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, мусобиқа бо натиҷаи мусовӣ анҷом ёфт.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






