ЗАҲМАТҲОИ ОЛИМ ҚАДР ШУД
Душанбе, 5 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Профессори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ Наим Ёқубов тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Ифтихорномаи шаҳри Душанбе мукофотонида шуд. Котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов иттилоъ дод, ки олими шинохта бо барои саҳми арзандааш дар рушди соҳаи меъморию шаҳрсозии пойтахт, ба камол расонидани мутахассисони баландихтисос ва ба муносибати 50-солагии фаъолияти пурсамари меҳнатиаш бо Ифтихорномаи шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуд. Бояд тазаккур дод, ки Ифтихорномаи шаҳри Душанбе ҳанӯз 26 апрели соли 2002 бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе бо мақсади қадршиносии шахсиятҳои бузурге, ки дар рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти пойтахт саҳми босазо гузоштаанд, таъсис дода шуда буд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






