ҚАБУЛИ ҲУҶҶАТ БА ДОНИШГОҲҲО ДАВОМ ДОРАД
Душанбе, 14 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Соли ҷорӣ ба мактабҳои олии кишвар наздик ба 28 ҳазор довталабони ба унвони донишҷӯ муваф фақгардида қабул карда мешаванд. Боиси тазаккур аст, ки қабули донишҷӯён ба шӯъбаҳои ғоибона ҷузъ ихтисоси педагогӣ 50 фоиз кам карда шаванд ҳам, шумораи қабули донишҷӯён чун соли гузашта боқӣ мемонад. Ин аз он ҷиҳат аст, ки дар мактабҳои олии кишвар шӯъбаҳо бо ихтисосҳои нав кушода шуданд. Бино ба гуфти сардори Раёсати банақшагирӣ ва пешгӯӣ дар соҳаи маориф Фатҳиддин Исмонов, соли ҷорӣ барои таҳсил дар бахши буҷавӣ 11 ҳазор ҷой ҷудо карда шудааст. Боиси ёдоварист, ки соли ҷорӣ мактабҳои таҳсилоти умумиро беш аз 84 ҳазор нафар хонадагон хатм намуданд, ки сеяки он ба мактабҳои олии кишвар ҳуҷҷат супориданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






