ҚАТОРАҲОИ БОРКАШ НАВ КАРДА МЕШАВАНД
Душанбе, 23 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои ҷонишини сардори Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Владимир Собкалов, соли ҷорӣ парки локомотивӣ аз ҳисоби хариди қатораҳои нави боркаш аз Федератсияи Русия нав карда мешавад. Дар парки локомотивӣ 1910 қатораҳои боркаш нигоҳ дошта мешавад, ки 830 — тои он корношояманд, — мегӯяд Владимир Собкалов. Соли ҷорӣ бо истифода аз ҳама имкониятҳои мавҷуда, 149 қатораи боркаш харидорӣ гардид, ки 50 — тои он барои кашонидани маҳсулоти кишоварзӣ пешбинӣ шудааст.Аз ибтидои таъсиси Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» бори нахуст ин миқдор қатора харидорӣ гардид. Ин мазмуни онро дорад, ки «Роҳи оҳани Тоҷикистон» 9 фоизи қатораҳои боркаши худро нав кард ва барои пурра сохтани он боз 10 соли дигар лозим аст.








Имрӯз дар дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






