ҚОҲИР РАСУЛЗОДА БО АДИБОНИ СУҒД МУЛОҚОТ НАМУД

Июль 2, 2009 09:18

                 Душанбе, 2 июл. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 1 июл раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода дар остонаи баргузории Анҷумани Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо адибони вилояти Суғд мулоқот анҷом дод.                 Қоҳир Расулзода зимни мулоқот таъкид намуд, ки ҳарчанд муддате инҷониб бо ташаббус ва ибтикори иддае аз ҳамсафону ҳамқаламони Шумо — адибон мулоқотҳо доир менамоем, аммо имрӯз чунин иттифоқ шуд, ки бо теъдоди хеле зиёди адибони вилоят мулоқот дошта бошем.                Мавриди зикр аст, ки дар давоми панҷ соли охир бо шарофати дастгирию ҷонибдории Сарвари давлат, ки мунтазам намунаи барҷастаи адабпарварӣ ва дисӯзи сухани ноби тоҷикӣ будани хешро нишон медиҳад, сухангустарони ҳавзаҳои адабии вилояти Суғд низ ба комёбиҳои назаррас ноил гардидаанд.                 Дар поёни мулоқот Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ба адибон дар ин сафар роҳи сафед хоста, изҳори умедворӣ намуд, ки онҳо пас аз баргузории анҷуман бо рӯҳбаландии афзун ба вилоят баргашта, асарҳои нав ба нави дархури ниёзи хонандагони худро таълиф менамоянд.

Июль 2, 2009 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид