ҚОҲИР РАСУЛЗОДА БО АДИБОНИ СУҒД МУЛОҚОТ НАМУД
Душанбе, 2 июл. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 1 июл раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода дар остонаи баргузории Анҷумани Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо адибони вилояти Суғд мулоқот анҷом дод. Қоҳир Расулзода зимни мулоқот таъкид намуд, ки ҳарчанд муддате инҷониб бо ташаббус ва ибтикори иддае аз ҳамсафону ҳамқаламони Шумо — адибон мулоқотҳо доир менамоем, аммо имрӯз чунин иттифоқ шуд, ки бо теъдоди хеле зиёди адибони вилоят мулоқот дошта бошем. Мавриди зикр аст, ки дар давоми панҷ соли охир бо шарофати дастгирию ҷонибдории Сарвари давлат, ки мунтазам намунаи барҷастаи адабпарварӣ ва дисӯзи сухани ноби тоҷикӣ будани хешро нишон медиҳад, сухангустарони ҳавзаҳои адабии вилояти Суғд низ ба комёбиҳои назаррас ноил гардидаанд. Дар поёни мулоқот Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ба адибон дар ин сафар роҳи сафед хоста, изҳори умедворӣ намуд, ки онҳо пас аз баргузории анҷуман бо рӯҳбаландии афзун ба вилоят баргашта, асарҳои нав ба нави дархури ниёзи хонандагони худро таълиф менамоянд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






