ҚОИДАҲОИ НАВИ ҚАБУЛИ ДОНИШҶӮЁН
Душанбе, 14 июл. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — Дар факултаи журналистикаи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон қоидаҳои нави супурдани имтиҳоноти дохилшавӣ ва қабули донишҷӯён ҷорӣ карда шуд. Декани факулта Муртазо Зайниддинов зикр намуд, ки аз имсол сар карда, дохилшавандагон қабл аз имтиҳоноти қабул дар озмуни эҷодӣ ширкат меварзанд. Ба имтиҳоноти қабул дохилшавандагоне роҳ дода мешаванд, ки аз озмуни эҷодӣ мегузаранд. Қабули ҳуҷҷатҳо дар факултаи журналистика 28 июл ба охир мерасад, озмуни эҷодии дохилшавандагон 29 июл баргузор мегардад. Дохилшавандагон бояд ба аъзои комиссияи қабул хабару мақола, гузориш, ҳикоя ва шеърҳои худро пешниҳод кунанд. Натиҷаҳои озмун баъди анҷоми он эълон карда мешаванд. Ба ақидаи М.Зайниддинов, ин имкон медиҳад, ки ба факулта ҷавонони боистеъдод қабул карда шаванд ва дохилшавандагон дар интихоби касб хато накунанд. Факултаи мо мутахассисонро дар соҳаҳои радиою телевизион ва воситаҳои дигари ахбори оммавӣ тайёр мекунад. Вале на ҳамаи онҳо баъди хатми таҳсил аз рӯи ихтисосашон кор мекунанд. Минбаъд озмунҳои эҷодӣ бо мақсади ошкор намудани ҷавонони эҷодкору боистеъдод мунтазам гузаронида мешаванд. Мо кӯшиш хоҳем кард, ки мутахассисони варзида тайёр кунем ва онҳо оянда ба нафъи халқу ҷамъият кор карда тавонанд, гуфт М.Зайниддинов. Тарҷумон — Қудратов А.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






